Чаро Ситора падари 3 фарзандашро кушт?

ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як ҷавонзани модари 3 фарзанд шавҳарашро куштааст.

Шаҳрванд Ҳамидова Ситора Абдуҷалиловна, санаи таваллудаш 16-уми ноябри соли 1990, бо 3 фарзанд ва шавҳараш Ғуломов Манучеҳр Раҳимович, санаи таваллудаш 5-уми апрели соли 1986, дар як ҳавлӣ дар кӯчаи Мунзими ноҳияи Фирдавсӣ иҷора менишастанд. Шаби 23-юми марти соли 2024 низ Манучеҳр Ғуломов дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо ҳамсараш боз ҷанҷол кардааст. Ситора Ҳамидова, ки аз ҷанҷолҳои пайвастаи шавҳараш ба ҷон омада буд, ин дафъа дигар тоқат накарда, бо корд ба бадани шавҳараш зарба задааст.

Худи Ситора Ҳамидова дар гузориш ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Кордро аз рӯи миз гирифтаму ба қисмати байни қафаси сина ва гарданаш задам. Дар ҷояш нишаст ва гуфт, ки сарам фур (гирд) гашта истодааст. Баъд ман ба паҳлу хобондамашу ба рӯяш об задам. Сипас ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задам. Табибон омаданду диданд ва гуфтанд, ки мурдааст алакай…”.

Маълум нест, ки чӣ боиси ҷанҷоли маргбор байни зану шавҳар шудааст ва кадом сухан ё рафтори шавҳар занро водор кардааст, ки ба даст корд бигирад ва ба қафаси синаи шавҳараш бизанад. Ва он ҳам дар моҳи шарифи Рамазон.

Ба ин ҷавонзан барои одамкушӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *