Мафияи заминфурӯшӣ. Ё “корнома”-и 2 амакбача дар Хуросон

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз боздошти раиси Кумитаи замини ноҳияи Хуросон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки раиси Кумитаи замини ноҳияи Хуросон Бобокалонов Муҳаммадзиё, соли таваллудаш 1975 ва раиси ҷамоати Ҳилолӣ Бобокалонов Муҳимбек, соли таваллудаш 1968 хешу табори наздик — амакбачаҳо буда, аввалӣ баъди ба мансаби баландтар рафтанаш мансаби қаблиашро бегона нашавад гуфта, ба хешбачаи худ додааст.

Бобокалонов Муҳимбек, ки аз соли 1991 дар ноҳияи Хуросон дар мансабҳои гуногун кор карда, ҳоло раиси ҷамоати Ҳилолӣ будааст, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо писарамакаш Бобокалонов Муҳаммадзиё, ки солҳои зиёд ба ҳайси муҳандиси заминсоз, муовини раис ва раиси ҷамоати Ҳилолӣ кор карда, ахиран курсии раиси Кумитаи замини ноҳияи Хуросонро ба даст овардааст, забон як карда, бо миёнаравии рафиқашон Ҷалматов Қудрат аз шаҳрвандон дар ивази ҷудо кардани қитъаҳои замин пул гирифтаанд.

Аз ҷумла, онҳо аз Ҳаитов Абдулвоҳид, сокини ҷамоати Ҳилолӣ 8 ҳазор сомонӣ, аз Абдурасулов Боймурод, сокини ноҳияи Вахш 14 ҳазор сомонӣ, аз Исмоилова Насиба 20 ҳазор сомонӣ ва аз Кӯкиева Сифатой 2 ҳазор доллар гирифта, аз заминҳои ҷамоати Ҳилолӣ ба ҳар кадоми онҳо аз 8 то даҳяк сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардаанд.

Бо мақсади ба даст овардани боварии шаҳрвандон ва қонунӣ нишон додани аъмоли худ онҳо дар компютер санадҳои қалбакии сертификати заминро чоп карда, ба ин корафтодагон додаанд ва сокинон ба сухани онҳо бовар карда, дар он заминҳо алакай хона сохтаанд. Вале ҳоло маълум шуд, ки ин заминҳо ба ин сокинон ғайриқонунӣ ҷудо карда дода шудааст.

Феълан тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *