Эмомалӣ Раҳмон тоҷикони муқими Италияро ба ҳушёрӣ даъват кард

Имрӯз, 25 апрел мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар доир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолу аҳвол, шароити таҳсил ва корашон пурсон шудааст.

“Президенти кишвар доир ба дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳсозии шароити будубоши ҳамдиёрони бурунмарзӣ, бахусус ҷавонон, ки ба омӯзиши илму ҳунар дар хориҷи кишвар машғуланд, андешаҳои ҷолиб баён карданд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Дар рафти мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, ҷавононро ба ҳушёрию зиракӣ ва дӯст доштани Ватан даъват намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *