Қарздорони миллионер. Кумитаи андоз онҳоро номбар кард

Қарзи андоз дар Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми апрели соли 2024 ба 724 млн сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба аввали соли 2024-ум 76,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Кумитаи андози Тоҷикистон хабар медиҳад.

Рақами зикршуда қарзҳои ҶСК “НБО Сангтӯда-1”-ро, ки қарзаш 186,6 млн сомониро ташкил медиҳад, дар бар намегирад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, бештар аз ҳама ширкату корхонаҳои зерин аз андоз қарздор будаанд:

— ҶДММ “Талко Ресурс” — 75,4 млн сомонӣ;

— ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” — 57,3 млн сомонӣ;

— ҶСК “Тоҷиктелеком” ва корхонаҳои тобеи он — 38,8 млн сомонӣ;

— ҶДММ ТА КМ “Анзоб” — 41,1 млн сомонӣ;

— КФ “Кони ангишти Зиддӣ” — 15,5 млн сомонӣ;

— ҶСК “Алюминсохтмон” — 20,2 млн сомонӣ;

— ҶСК “НБО “Роғун” — 9,5 млн сомонӣ;

— Агентии захираҳои моддии давлатӣ — 9,5 млн сомонӣ;

— ҶСК “Ангишт” — 9,3 млн сомонӣ;

— КТ “Авесто” — 7,8 млн сомонӣ;

— ҶСК “Авитсенна” — 7,7 млн сомонӣ;

— КВД Коммуналии “Хизматрасонии нақлиётии санитарӣ” — 7,3 млн сомонӣ;

— ҶСП “Таҷҳизоти аср” — 5,6 млн сомонӣ.

“Дар маҷмуъ, қарзи ин субъектҳо бештар аз 42,1 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳои дар ин давра бавуҷудомадаро ташкил дода, нисбат ба аввали соли 2024-ум 107,7 млн сомонӣ зиёд гардидаанд”,- хабар медиҳанд аз Кумита.

Нозим Меликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябри соли гузашта дар парлумони Тоҷикистон гуфта буд, ки “сабаби таъмин нагардидани иҷрои нақша аз ҳисоби субъектҳои номбурда чун солҳои қаблӣ ба таъмин нашудани иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои ин корхонаҳо, нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, бо фоидаи ночиз ҷамъбаст намудани фаъолият ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад”.

Кумитаи андоз гуфтааст, ки дар се моҳи соли равон 266,1 млн сомонӣ қарзи андозро баргардонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин давра нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет 105,9 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 4 млрд 532,9 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ 4 млрд 802,4 млн сомонӣ маблағ ворид гардид.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *