Қирғизистон ва Русия: Қонуни нав имзо шуд
Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ дод, ки Содир Ҷабборов қонуни тасвибшуда дар бораи таъсиси низоми минтақавии ягонаи дифои ҳавоӣ бо Русияро имзо кард.
Гуфта шудааст, низоми дифои ҳавоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи низоми муштараки дифои ҳавоии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд.Таъсиси низоми муштараки минтақавии дифои ҳавоӣ миёни Қирғизистон ва Русия ҳифзи боэътимоди фазои ҳарду кишварро таъмин хоҳад кард. Ин бехатарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро низ тақвият мебахшад.
Порлумони Қирғизистон 11 октябр созишнома дар бораи таъсиси низоми минтақавии ягонаи зиддиҳавоӣ бо Русияро ба тасвиб расондааст.
Путин 8 июли соли 2022 фармон дар бораи омода кардани созишнома миёни Русия ва Қирғизистон дар бораи таъсиси низоми муштараки зиддиҳавоиро имзо карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ