Ҳарифи “Истиқлол” сармураббии нав гирифт

Сармураббии собиқи ПСЖ Галтиер дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатарро ба ӯҳда гирифт

Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи футболи Қатар, сармураббии собиқи «Пари Сен-Жермени»-и Фаронса Кристоф Галтиер  дар «Ал-Дуҳайл» ҳамчун сармурабби мавқеъ ишғол кардааст.

Ҷузъиёти созишнома бо мутахассиси 57-сола мушаххас нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки Галтиер ба ҷои Эрнан Креспои аргентинӣ сармураббии даста шуда, шартномаи он дуву ним солро дар бар мегирад, ҳамчунин имкони тамдидкунӣ ба як мавсими дигар низ дар шартнома вуҷуд дорад.

Пас аз панҷ бозӣ, Ал Дуҳайл дар ҷадвали чемпионати Қатар дар ҷои чаҳорум қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *