Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи сарҳад созиш ҳосил карданд
Президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар мусоҳибаи худ бо хабаргузории давлатии «Кабар» изҳор дошт, ки масъалаи марз бо Тоҷикистон қариб пурра ҳал шудааст. Ба гуфтаи ӯ, сокинони манотиқи баҳсӣ, ки хонаҳояшон дар ҳудуди кишвари дигар қарор доранд, тибқи созишнома ба ҳудуди кишвари худ кӯчонида мешаванд.
«Пас аз анҷоми корҳо, созишнома аввал аз ҷониби комиссияҳои байниҳукуматӣ ва баъдан аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ имзо мегардад. Баъдан, он дар порлумонҳои ду кишвар ба тасвиб мерасад. Ниҳоят, мо, президентҳо, ҳуҷҷатро имзо мекунем. Пас аз он мубодилаи нотахо сурат мегирад. Демаркатсия ва аломатгузории марз 1-2 соли дигар идома хоҳад ёфт. Танҳо пас аз ин раванд масъала пурра ҳал мешавад», – шарҳ додааст президенти Қирғизистон.
Жапаров таъкид кардааст, ки корҳои дуҷониба барои иҷрои созишнома идома доранд. Ӯ илова кард, ки муҳимтарин дастовард – расидан ба созишномаи дуҷониба мебошад.
«Ҳангоми ҳалли баҳсҳои марзӣ байни ду кишвар танҳо ба манфиатҳои якҷониба диққат додан ғайриимкон аст. Қарорҳо танҳо бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб қабул мешаванд», – шарҳ дод Жапаров.
Президенти Қирғизистон қайд кардааст, ки дар манотиқи наздисарҳадӣ хонаҳое ба шакли шашка ҷойгир шудаанд, ки ҳалли он ногузир буд.
«Мо ин масъаларо ҳал кардем. Агар дар тарафи мо хонаҳое бошанд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доранд, ҷониби Тоҷикистон онҳоро мекӯчонад. Агар хонаҳои шаҳрвандони мо дар тарафи Тоҷикистон бошанд, мо онҳоро мекӯчонем. Ҳама масъалаҳо бо назардошти ҳаҷми қитъаҳои замин ҳал шуда, барои онҳо дар ҷойҳои дигар хонаҳои нав сохта мешаванд», – изҳор намудааст Жапаров.
Ба гуфтаи ӯ, ин тадбирҳо ба таъмини сулҳ, субот ва осоиштагӣ дар минтақа равона шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ