Қосим Раҳбар: На пинҳон мекунаму на метарсам, дар Швейтсария ҳам боре набудам

Қосим Раҳбар, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор, ки рӯзҳои охир исмаш дар сархати расонаҳост, дар як суҳбат бо рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова мавзӯи атрофи номаш пайдошудар шарҳ дод.

Ёдовар мешавем, ки муҳаққиқони OCCRP — Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта дар бораи гӯё муайян шудани ҳисоби бонкии Қосим Раҳбар дар Бонки Швейтсария хабар доданд. Тавре ин созмон навишт, ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоӣ то ба имрӯз нигоҳ дошта шудааст.

Дар шарҳи мавзӯъ Қосим Раҳбар гуфтааст, ки “барои ман хабари нашршудаи созмони OCCRP, ки ман ҳатто аз фаъолияташ огаҳ нестам, нав нест ва ин хабар ҳам наву доғ нест. Ҳанӯз 10 сол пеш дар ин бора дар хабаргузории «Центразия» низ матлабе айнан ба ҳамин маъно нашр шуда буду ҳамон замон ин масъала баррасӣ гашт. Дигар ин ки, ман аз дигарбора чоп шудани ин хабар дар моҳи феврал хабар доштам. Зеро 1 ҳафта пеш аз интишори он аз рақамҳои ношинос ба воситаи шабакаи Телеграмм ба аҳли хонавода, ба бародаронам дар Тоҷикистон, ҷияну бародарзодаам, ки дар Россия таҳсилу зиндагӣ мекунад, паёмҳои гуногун расида, тарафи номаълум пешниҳод медоданд, ки барои пешгирӣ аз нашри хабар ман ин қазияро ё шарҳ диҳам ё пешгирӣ намоям, вале ман ба ҳамаи ин аҳамият надодам, зеро чизе барои пинҳон кардан надораму аз касе ҳам наметарсам ва дар Швейтсария ҳам боре набудам”.

Рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова ҳангоми суҳбат бо Қосим Раҳбар

Дар идомаи суҳбат Қосим Раҳбар аз теракти моҳи апрели соли 1997 дар назди Театри ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда, аз таърихи пайдоиши як суратҳисобе дар Аврупо нақл кардааст.

— Мехоҳам 1 фактеро ба шумо нақл кунам, ки дар борааш бори нахуст мегӯям. Дар теракти моҳи апрели соли 1997, дар баробари Ҷаноби Олӣ, дар шаҳри Хуҷанд ман ҳам осеб дида, ҳам дастам захмӣ шуд ва ҳам ба танам тиккапораи маводи тарканда-граната расид. Пас аз ҷарроҳии якум 1 соли дигар дастам кор накарду тиккапораи дар тан монда ҳам хунамро сироят намуда, ҳам ба фаъолияти ҷигар зарар расонид. Тиккапораро нагирифтанд, гуфтанд ба функсияҳои организм халал намерасонад, вале абадӣ мемонад. Вазири вақти тандурустии кишвар Аламхон Аҳмадов ва духтури шинохтаи Суғд Рабиҷонов, ки маро дар ин муддат табобат мекард, тавсия доданд, ки ба Маскав рафта, аз муоинаи профессор, генерал-майори хизмати тиббӣ, Юлий Шапошников гузарам. Юлий Шапошников шавҳари зан-кайҳонаварди машҳур Валентина Терешкова буда, дар Маркази миллии тадқиқотии травмотологӣ ва ортопедии ба номи Н.Приорови шаҳри Маскав кор мекард. Ман тӯли 3 сол-ҳар 6 моҳ 1 бор ба Маскав рафта омада, табобат гирифтам, вале на даст хуб шуду на ҷигар ва на хун тоза.

Профессор Юлий Шапошников тавсия дод, ки ба ягон клиникаи муосири аврупоӣ рафта, табобатро аз рӯи тавсияи духтурони аврупоӣ давом диҳам. Аз байни 3 кишвари пешниҳодшуда 1 клиникаи муосирро дар шаҳри Вена интихоб кардем. Соли 2001 буд, он замон на ман Аврупоро дида будаму на корти бонкӣ доштаму на суратҳисоб барои кафолат ва табобат дар Аврупо. Клиникаи аврупоӣ ҳам кафолати шахсеро талаб мекарду ҳам бояд ҳисоби бонкии аврупоӣ мешуд. Тавре маълум аст клиникаҳои аврупоӣ бидуни ҳисоби бонкӣ бемор қабул намекунанд. Он вақт ман чунин имкониятро надоштам ва ба кӯмакам 1 соҳибкори хориҷӣ омад, ки он солҳо дар вилояти Суғд ба сармоягузорӣ машғул буд. Муҳим аз ҳама ӯ шаҳрванди Австрия буду кафили ман шуд. Рафтем ба Вена, ташхиси пурраро гузашта ба Тоҷикистон баргаштем. Он замон ман дар вазифаи раиси вилояти Суғд кор мекардам ва наметавонистам корро як сӯ гузорам. Аммо дасту ҷигар ҳамоно маро азият дода, хуни сироятёфта ҳеҷ тоза намешуд. Маҷбур шудам соли 2003 бо 1 табиби дигар боз ба Вена сафар карда, ин маротиба муолиҷаро низ то ба охир бигирам. Соҳибкор дубора ба кумакам омада, боз кафили ман шуд. Дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштам, ки ӯ чанд ҳуҷҷатро барои имзо овард. Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам. То ҷойе огаҳ дорам ба номам дар ин клиника суратҳисоби бонкӣ кушода, харҷи табобатамро аз пули худам пардохт карда буд.

Ман 1 сол рафтаву омада дар Вена табобат гирифтам ва танҳо дар соли 2007 фаҳмидам, ки ин соҳибкор ба ман хизмати хирсона кардааст. Ошноӣ ва тамоми алоқаҳоро бо эшон қатъ кардам. Мавсуф, ки қаблан барои қаллобияш зери назорат будааст, тавассути суратҳисоби ба номи ман кушода пулҳои худро гузаронида, тиҷораташро дар Тоҷикистон давом дода, боз чанд нафари дигарро ҳам фиреб додаст. Чун пулашро гирифта наметавонад, ҳар гуна хабар паҳн мекунад. Ман боре тавассути ин суратҳисоб доду гирифти бонкӣ накардаам, на пул ворид кардаам ва на гирифтаву ба ҷойе гузаронидаам ва муайян кардани ин хеле осон аст. Ҳоло ин соҳибкор дар ҷӯстуҷуи байналмилалӣ қарор дорад. Ягона хатои ман дар он буд, ки ман ҳамсафар ва кафили хатокор интихоб кардам!,- таъкид кардааст Қосим Раҳбар.

Дар идома Қосим Раҳбар афзудааст, ки “баъдан зери назорати мутахассис-духтури варзида ва забондони тоҷик аз соли 2007 то 2017 дар Олмон муолиҷа гирифта, сирояти хун ва ҷигар пурра шифо ёфт. Тамоми мадраки муолиҷа ва табобат дар бойгонии беморхонаи ҳукуматии кишвар маҳфуз аст. Вале дасти осебдида то ба имрӯз пурра сиҳат нашуда, тиккапораи граната ҳанӯз ҳам дар тан ҳаст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *