Ном ба ном. Тағйироти кадрӣ дар мақомоти милитсияи Душанбе, Хатлон, Бадахшон, Кӯлоб

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйихати кадрҳои навтаъинро  дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нашр кард.

Ҳамин тариқ, дар мувофиқа бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритус, Файзобод, Нуробод кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъйин гардидаанд.

Аз он ҷумла:
-генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе;
-генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ;
-полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон;
-генерал-лейтенанти милитсия Солеҳзода Искандар ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар наклиёт;
-генерал-майори милитсия Солиев Карим Хоҷиевич ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД;
-генерал-майори милитсия Қунғуротзода Фотеҳ ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб;
-генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам ба вазифаи муовини аввали сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва Меҳмонони Олиқадр;
-полковники милитсия Ҷабборзода Холмурод Холбобо ба вазифаи сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД;
-полковники милитсия Туразода Нуралишоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
-полковники милитсия Пирзода Сафар Қузратулло ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод;
-полковники милитсия Сайфзода Самад Мадамон ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд;
-полковники хизмати дохилӣ Амиршозода Шодихон Сафаралӣ ба вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара»;
-полковники милитсия Саидзода Комилҷон Сафар ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод;
-подполковники милитсия Ҷолизода Рушон Шоалӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ;
-подполковники милитсия Ғафорзода Абдураҳим Маҳмадсаид ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Вхши вилояти Хатлон;
-подполковники милитсия Абдусамадзода Суҳроб Абдусамад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;
-подполковники милитсия Хайруллозода Қурбон Саттор ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон;
-майори милитсия Тоҳирзода Рустам Тоҳир ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон

 viber_2022-02-24_19-05-54-461

«Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед» — иброз доштааст 24 феврал Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳои тозатаъин.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *