Қотили Ҳувайдо ҳабси абад шуд

Александр Сёминро додгоҳи Русия рӯзи 13-уми сентябри соли 2023 ба ҳабси абад маҳкум кард.

Дар пайи баррасии дигарбораи парвандаи Сёмин бо ҷурми таҷовуз ва қатли ваҳшиёнаи духтарчаи панҷсолаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода, ӯ ба ҳабси умрбод равона шуд.

Додгоҳи вилояти Маскав 15-уми марти соли ҷорӣ Сёминро ба 24 соли зиндони низомаш сангин маҳкум карда буд, вале ин ҳукм наздикони Ҳувайдо, аз ҷумла падараш Абдусалом Саидовро, ки барои қотили духтараш ҳабси умрбод талаб дошт, норозӣ боқӣ гузошт.

Адвокатҳои Сёмин тайи 5 соли тафтишот ва мурофиаҳои додгоҳӣ аъмоли ӯро бо ин тавҷеҳ карданӣ мешаванд, ки ӯ гӯё бемори руҳист ва ба табобат ниёз дорад, на ба ҳукми зиндон.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода гуфтааст, ки қотили фарзандаш акнун ҷазои сазовор гирифт ва ӯ фикр мекунад, ки “акнун руҳи духтарам шод шуд”. Ӯ ба ҳамаи ҳамватанон барои пуштибониашон аз хонаводаи онҳо дар тӯли ин 5 сол изҳори сипос кард.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *