Самти нави матлабҳои блогерон

Блогери шинохта Лутфулло бо нашри наворе бо номи “Насли Истиқлол” доир ба муҳимияти соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ гуфта, дар чанд пардаи кӯтоҳ неъматҳои Истиқлолро нишон додааст.

Муаллиф чӣ будани Истиқлолро дар “меҳру вафо ва ишқу муҳаббат”, “ҳифзи марзу бум, эҳёи забону фарҳанг, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии ватан”, “баланд бардоштани Парчами миллӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани ватан” ва “дӯстиву рафоқат, ободиву осоиштагӣ” баён мекунад.

Навор бо шиори маъруфшудаи “Тоҷикистон, ба пеш!” ба поён мерасад.

Боиси хурсандист, ки блогерони тоҷик дар чунин мавзуҳои муҳим, ватандорӣ, истиқлол, ваҳдат ва ғайраҳо навор таҳия мекунанд ва дар доираи аудиторияи худ нашр менамоянд.

Чунин наворҳо барои насли наврас муҳиманд. Ҳам ҷумлае дар бораи Истиқлолу Ваҳдат меомӯзанд ва ҳам аз тамошои наворҳои бефоида канор мераванд.

Гуфта мешавад, ки навори мазкур ба озмуни Ассотсиатсияи блогерон ва вайнерони Тоҷикистон ба номи “Насли Истиқлол” пешниҳод шуда, ғолиб дониста шудааст. Дар доираи ин озмун блогерони зиёд бо чунин мазмун навор таҳия карданд ва ин яке аз муваффақиятҳои ассотсиатсияи мазкур ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *