Қотили кудаки 7 сола 8 рӯз дар дачаҳои Варзоб пинҳон шуда, охир ба даст афтод

Яке аз хешовандони кӯдаки кушташуда ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст,ки Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола шоми гузашта боздошт шуд.
Ба иттилои манбаъ, гумонбар дар дачаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт шудааст.
«Ҳоло ки фасли истироҳат нест, ӯ дар яке аз дачаҳои беодам пинҳон шудааст, ки маъмурини пулис боздошт карданд. Ҳоло ӯ дар бозпурсӣ буда, пас аз ду-се рӯз барои нишондод додан мебаранд»,-афзуд ин хеши кӯдаки кушташуда
Як манбаъ, аз Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанеб бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Муборак Абдураҳмонова боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, парвандаи боздоштшударо прокуратура ҳоло пеш мебарад.
Қаблан сухангӯи ВКД Нусратулло Маҳмадзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳодисаи куштори писараки синфи 1-уми мактаби рақами 50- и пойтахт Аҳмадҷон Абдураҳмонов дар кӯчаи Олег Кошевойи Душанбе санаи 5 март рух додааст.
Ба гуфтаи шоҳиди қазия, ҳодиса рӯзи 5 март вақте рух дод, ки писарак аз мактаб бармегашт. Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб Аҳмадҷонро ба манзилаш, ки дар ҳамсоягии хонаи хонаводаи марҳум қарор дорад, даъват кард ва бино бар наворҳои камераҳои мушоҳидавӣ баъди 10 дақиқа аз манзил берун ва нопадид шуд.
Баъди чанд соат ҷисми беҷони кӯдакро аз манзили зан пайдо карданд.
Қаблан ба Sputnik Тоиҷикистон даст дод, ки бо шоҳиди ҳодиса, яке аз аъзои хонавода, ки нахост номаш ифшо шавад, сӯҳбат кунад.
Ба гуфтаи яке аз хешовандони кӯдак, рӯзи панҷум писарак пас аз дарс бояд ба хона бармегашт, аммо наомад. Пайвандонаш ӯро тӯли се соат, аз соати 14 то 17 ҷустуҷӯ карданд, ки бенатиҷа буд.
Дар ҳамин ҳол, баъди чанде ҷисми беҷони кӯдакро амаки падараш аз манзилаш пайдо кардааст. Зани мард писаракро ба хона дароварда бурдааст.
Ба гуфтаи узви хонаводаи марҳум , камераҳои мушоҳидавӣ сабт кардаанд, ки чигуна гумонбаршаванда, ҳамсоя ва хешованди хонавода Муборак Абдураҳмонова писаракро ба манзилаш медарорад ва баъди даҳ дақиқа худ берун шудаву меравад.
Ӯ меафзояд, ҳодиса пас аз зӯҳри 5 март, вақте Аҳмадҷони 7-сола аз мактаб бармегашт, рух дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *