Қудрат Давлатзода: Мо эродро ба дард қабул мекунем ва пайи ислоҳ мешавем
Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, баъд аз эроди журналистон, ки “чаро вазифаи муовини ректор оид ба тарбияро мард бар зимма дорад? Магар донишгоҳ дар масъалаи кадр аз ҳисоби бонувон танқисӣ дорад?”, пайи ислоҳи он шудааст.
Ӯ гуфт, ки охири соли гузашта ба ин вазифа Бунафша Аҳмадзодаро, ки дар донишгоҳи мазкур фаъолияти омӯзгорӣ дошт, таъин намудааст.
“Мо ҳар эродеро, ки журналистон мегиранд, ба дард қабул мекунем. Аз он руҳафтода нестем. Дар нишасти матбуотии гузашта аз байни шумо — журналистон суол шуд, ки чаро вазифаи муовини ректор оид ба тарбияро мард иҷро мекунад ва магар дар донишгоҳ кадри зан нест? Баъди ин мо дар пайи ҷустуҷӯи кадр шудем. Ниҳоят, аз кафедраи забонҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба курсии муовини ректор оид ба тарбия Бунафша Аҳмадзодаро интихоб кардем. Ӯ ташкилотчии хуб аст ва ҳоло масъулияти бар дӯш доштаашро хуб иҷро карда истодааст”- иброз дошт ректор.
Қудрат Давлатзода дар идомаи нишаст гуфт, ки соли гузашта барои донишгоҳ хотирмон буд. Зеро равобит бо муассисаҳои олии хориҷӣ вусъат пайдо карда, донишҷӯёни ихтироъкор, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, раёсати донишгоҳ ва ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бештар кашф шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ