Дар Тоҷикистон «Устохонаи ба номи Лу Бан» бунёд мегардад

Миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба бунёди «Устохонаи ба номи Лу Бан» дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин бора ба Pressa.tj Шаҳриёр Саъдуллозода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иттилоъ дод.

«Дар маросими баимзорасии Ёддошти тафоҳум ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон профессор Қудрат Давлатзода, котиби кумитаи ҳизбии Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин Ли Ҷинбин, директори генералӣ ва муовини директори генералии Trans-Tajik Gas Pipeline ltd Лю Тао ва Тан Ҷин, раиси фахрӣ ва котиби генералии Федератсияи чиниҳои бурунмарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хан Дунҷӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд»,- иттилоъ дод Саъдуллозода.

Бино ба иттилои манбаъ, Қудрат Давлатзода, ректори донишгоҳ бо итминон таъкид намудааст, ки «Устохонаи ба номи Лу Бан» дар Тоҷикистон барои баланд бардоштаи сифати таълим ва ба бозори меҳнат рақобатпазир намудани хатмкунандагон — муҳандисони оянда саҳми арзанда мегузорад ва яке аз устохонаҳои намунавӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад.

Котиби кумитаи ҳизбии Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Чин Ли Ҷинбин зикр намудааст, ки дар заминаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин ва тадбирҳои созандаи Роҳбарияти Олии ҳарду кишвар зарур аст иқтидори ҷонибҳо барои ба сатҳи комилан нав баровардани ҳамкорӣ пурра истифода шавад.

Гуфта мешавад, ки «Устохонаи ба номи Лу Бан» бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бинои факултети сохтмон ва меъморӣ бунёд мегардад. Ин аввалин устохона аст, ки аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Чин дар миқёси Осиёи Марказӣ бунёд мегардад.

Айни ҳол корҳои банақшагирӣ ва муайян намудани ҷой, масоҳат ва баҳодиҳии шароити зарурӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *