Қудрати Эрон дар чист?

То сафар кардан ба Эрон тасаввуроти ман нисбат ба ин кишвар дигар буд, вале баъди сафар нигоҳам тағйир ёфт. Беҳуда намегӯянд: шунидан кай бувад монанди дидан… Муҳимтар аз ҳама, ман барои худ дар чӣ будани қудрати Эронро кашф кардам…

Таъкид

Сафари мо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади ширкат дар 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” сурат гирифт. Соли равон Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ мақоми меҳмони вежаро дошт. Банда дар ду шумораи гузашта дар бораи ин намоишгоҳ навишта будам, ки ниёзе ба такрори онҳо нест. Ин ҷо чанд бардоштамро аз сафари Эрон ба таври фишурда гуфта мегузарам.

Ифтитоҳи расмии ғурфаи Тоҷикистон бо ширкати Вазирони фарҳанги ду кишвар

“Шоҳнома” Ватан аст!

Гарчанде соати яки шаби 15-уми май ба Теҳрон расида, соати 3 худро болои бистари меҳмонхона партофтем, вале қарор шуд, ки соати 9 омодаи рафтан шавем, зеро соати 10 моро дар Китобхонаи миллии Эрон мунтазир буданд. 15-уми май дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рӯзи Фирдавсӣ ва бузургдошти забони форсӣ аст. Мо ҳайати меҳмонони Тоҷикистон ба ҳамоише даъват шуда будем, ки бо ташаббуси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ баргузор мешуд. Раҳораҳ таваҷҷуҳ кардам, ки дар саросари Теҳрон овзеҳо бо акси Фирдавсӣ насб шуда, баъзе чунин шиор доштанд: “Фирдавсӣ — падари шеъри форсӣ!”. Ба толори ҳамоиш расидем. Муҷрӣ барномаро ифтитоҳ кард. Раиси китобхона, доктор Ҳаддоди Одил — раҳбари Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва чанд нафари дигар аз мақоми Фирдавсӣ дар адабиёти форсӣ ва вазъи забони форсӣ суҳбат карданд. Дар ин суҳбатҳо ҳам ишора мешуд: “Фирдавсӣ — падари забону адаби форсӣ”…

Суханронии Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ва Гулрухсор дар Ҳамоиши бузургдошти Фирдавсӣ ва Рӯзи забони форсӣ

Ҷойгоҳи Фирдавсӣ дар адабиёти форсу тоҷик ва ҷаҳон мусаллам аст, вале падари шеъри форсӣ Рӯдакии Панҷрӯдист. Ҳамин андеша аз сарам мегузашт, ки навбати сухан ба Гулрухсор расид.

«Атри «Ҷӯйи мулиён»-у накҳаташ,

Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯйидаем.

Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,

Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯйидаем!…

— гуфт Гулрухсор ва дар суханронии хеш аз он гила кард, ки ба ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар Эрон камтар таваҷҷуҳ мешавад ва ӯ таъкид кард, ки Рӯдакӣ падари шеъри форсӣ аст. Ин ҳарфҳоро Гулрухсор дар суҳбат бо шабакаҳои телевизионии Эрон низ таъкид кард. Ростӣ, аз суҳбати Гулрухсор хеле хушҳол шудем ва ифтихор ҳам кардем…

Дар идомаи ин ҳамоиш ҳамчунин профессор Сафар Абдулло ва сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ суҳбатҳои пурбори илмӣ карданд…

Як нуктаро таъкид кардан мехоҳам. Аз суханронии Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил маълум шуд, ки мушкили олуда шудани забони форсӣ дар Эрон ҳам боиси нигаронӣ шудааст. Ӯ аз он изҳори ташвиш кард, ки номи мағозаҳо, муассисаҳо, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва брендҳо бештар бо дигар забон ҳастанд. Ин мушкиле, ки мутаассифона, дар мо ҳам ҳаст…

Оянда хонданӣ аст!

Намои яке аз толоррҳои Намоишгоҳи Китоби Теҳрон

16-уми май аз субҳ ба Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” рафтем. Ман дар бораи ин намоишгоҳ бисёр шунида будам, вале чунин азаммату шукуҳи китоб ҳатто дар тасаввурам намеғунҷид.

Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” баъд аз Намоишгоҳи китоби Франкфурт дуюмин намоишгоҳи бузургтарини ҷаҳон будааст. 76 гектар заминро дар маркази Теҳрон  барои баргузор кардани ин чорабинӣ ҷудо кардаанд. Баргузории ин намоишгоҳ он қадар муҳим аст, ки дар маросими ифтитоҳи он раисҷумҳури ин кишвар, мақомоти баландпояи Ҳукумати Эрон иштирок мекунанд.

Ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ин намоишгоҳ ҳудудан 2500 ношири эронӣ ва 600 нашриёти хориҷӣ ширкат мекунанд. Дар овезаҳои намоишгоҳ шиоре сабт шудааст, ки хеле писандам омад: “Оянда хонданӣ аст!”.

Воқеан, мардуми Эрон аҳли мутолиа будаанд. Дар давоми 10 рӯзи баргузории чорабинӣ (аз 11 то 21-уми май) ҳамарӯза ҳазорон нафар аз намоишгоҳ дидан мекунанд ва ҷилд-ҷилд китоб мехаранд. Яке аз ҳамроҳони мо гуфт, ки шабона камазҳо ба намоишгоҳ китоб меоранд. Дар ин намоишгоҳ ҳар навъ китоберо метавон пайдо кард. Ноширони эронӣ ҷадидтарин ва муҳимтарин осори адабиву илмии ҷаҳонро бисёр зуд тарҷумаву нашр мекунанд. Дар Эрон метавон муҳимтарин китобҳои ҷаҳонро пайдо кард (ба истиснои оне, ки муқобили арзишҳои диниву давлатдории Эрон бошад). Китобҳои муҳим дар Эрон борҳову борҳо нашр мешаванд. Як китобро дидам, ки “нашри 12-ум” навишта шуда буд. Нависанда Азизи Азиз ба ман гуфт, ки китоберо дидааст, ки “нашри 80-ум” будааст…

Намои яке аз роҳравҳои Намоишгоҳи китоб

Як бахши муҳими намоишгоҳи китоб ба ноширони адабиёти кӯдак ва навҷавон бахшида шудааст. Хонаводаҳои эронӣ аҳл барои хариди китоб меоянд, ки аҷиб ва барои мо ғайримаъмулист.

Ман дар ин сафар сароҳатан дарк кардам, ки қудрати Эрон дар китоб будааст. Маҳз алоқа ба китоб ва илму дониш аст, ки ин кишвар бо вуҷуди таҳримҳои беш аз 40-сола яке аз абарқудратҳои ҷаҳон боқӣ монад. Қудрати китоб аст, ки бо вуҷуди режими исломӣ эрониён ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ба дастовардҳои беназири илмӣ ноил гардидаанд.

Ошиқони Эмомалӣ Раҳмон ва забони русӣ

Аксари эрониён ба тоҷикон эҳтироми хос доранд. Вақте мефаҳмиданд, ки аз Тоҷикистонем, кӯшиш мекарданд, ки барои дарёфти китоб ё ғурфа кумак кунанд. Дар бораи кишвари мо зиёд донистан мехоҳанд. Президенти моро васф мекунанд. “Президенти шумо шахсияти бисёр фарҳангист, хуш ба ҳолатон” мегуфтанд. Вақте ман дар ғурфаи Тоҷикистон китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла “Забони миллат — ҳастии миллат”, “Аз Ориён то Сомониён” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро нишон медодам, ҳайратзада мешуданд…

Ғурфаи Тоҷикистон дар 34-умин Намоишгоҳи байналмиллалии Китоби Теҳрон

Ҷавонони эронӣ сарояндаҳои тоҷикро дӯст медоранд. Садриддини Наҷмиддин, Нигина Амонқулова, Мадина Ақназарова, Хуҷастаи Мирзовалии моро гӯш мекардаанд. Калонсолтарҳо ва аҳли фарҳанг Давлатманд Холовро медонанд.

Нуктаи ҷолиб он аст, ки бисёре аз эрониҳо Фирдавсиро “шоири шумо” мегуфтанд, ки сарамон ба осмон мерасид. Бо устод Шодимуҳаммад Сӯфизода дар ғурфаи Нашриёти “Сухан” будем. Духтари китобфурӯш нашрҳои гуногуни “Шоҳнома”-ро нишон дода, мегуфт:

— Ин “Шоҳнома”, китоби шоири шумост, Фирдавсӣ, ки хуросонӣ аст…

Бисёриҳо дар Эрон алоқаманди осори Достоевский ҳастанд. Қариб тамоми осори ин нависандаи бузурги рус дар Эрон тарҷумаву нашр шудааст ва шуҳрат дорад. Дар яке аз ғурфаҳо вақте китоби “Ҷиноят ва мукофот”-ро дидам, гуфтам:

— Ин ба тоҷикӣ “Ҷиноят ва ҷазо” тарҷума шудааст, ба забони русӣ “Преступления и наказания”.

— Шумо русӣ балад ҳастед?,- гуфта, пурсид, хонуме.

Бо аломати тасдиқ сар ҷунбонидам.

— Достоевскийро ба забони худаш мехонед?,- боз пурсид.

Ман аннотатсияи китобро, ки ба русӣ ҳам буд, хондам. Ӯ дар ҳайрат буду мегуфт:

— Русӣ чӣ қадар зебост…

Вазири корҳои хориҷии Эрон меҳмони ғурфаи Тоҷикистон

Шинохти Тоҷикистон

Афсӯс, ки Тоҷикистонро дар Эрон камтар шинохтаанд. Вақте китобҳои моро медиданд, мегуфтанд: “Инҳо русӣ ҳастанд?”, “Забони давлативу коргузорӣ дар Тоҷикистон русӣ аст?” ва ғайра. Осори адибони мо дар Эрон хеле кам нашр шудааст. Афсӯс, ки эрониён Сорбон, Баҳманёр, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷалол Икрорӣ, Абдулҳамид Самад, Кӯҳзод, Сайф Раҳимзод… барин адибони моро намедонанд. Лоиқу Муъмин Қаноат ва Фарзонаро аҳли фарҳангу адаб донанд ҳам, мардуми оддӣ, махсусан ҷавонон намешиносанд. Дар Эрон шинохтатарин адиби тоҷик Гулрухсор аст. Ман дар ғурфаҳои мухталиф 4-5 китоби ӯро дидам.

Дӯстам нависанда Баҳманёр Муродӣ, ки як ҳафта қабл аз мо ба Эрон рафта буд, гуфт, ки ҳар нафари сеюме, ки ба ғурфаи Тоҷикистон меомад, китоби Гулрухсорро суроғ мекард.

Китобҳои тоҷикӣ дар ғурфаҳои ноширони Эронӣ

Вале хушоянд аст, ки алоқамандони адабиёти тоҷик дар Эрон зиёд шудаанд. Шоҳид будам, ки 5-6 нафар нависанда Азизи Азизро мекофтанд, то иҷозат бипурсанд, ки китобҳояшро дар Эрон нашр кунанд. Бо Зебо Алихонӣ ном муҳаққиқбону вохӯрдам, ки то имрӯз 5 китоби адабиёти бачагонаи тоҷикро дар Эрон нашр кардааст. Дӯсти дигари мо Ораши Эронпур боша, қариб 10 китоби тоҷикиро бо ҳуруфи арабиасоси форсӣ баргарон кардааст, аз ҷумла осори устод Айниро. Феълан, Ораш тазкиари “Сипеҳри орзу”-и Ҳаёт Неъмати Самарқандиро хатгардонӣ кардаистодааст.

Мушоҳида кардам, ки бозори Эрон барои адабиёти тоҷик боз аст. Корбурде лозим аст, ки ин бозор аз худ карда шавад.

Намунаи адабиёти кӯдаки тоҷик дар Эрон, ки бо кӯшиши Зебо Алихонӣ нашр шудааст

Назари баланд

Қаблан шунида будам, ки аҳли илму адаби Эрон нисбат ба Тоҷикистон назари камгирона доранд. Барои мисол, аксари пажуҳишагрони эронӣ, ҳатто таваҷҷуҳ намекунанд, ки дар Тоҷикистон чӣ корҳои муҳими илмӣ шудааст. Хатро баҳона мекунанд. Вале вақте китобҳоро мебинӣ, ба адабиёти русиву фаронсавиву англисиву итолиёвию арабӣ муроҷиат кардаанду ба тоҷикӣ не…

Вале дар ин сафар бачаҳои мо ҳамаро қоил карданд.

Раҳмоналӣ Мирализода, масъули ғурфаи Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати Тоҷикистон нақл кард, ки адибон Азизи Азиз, Баҳманёр Муродӣ, Бузургмеҳри Ҳаким ва ҷонишини директори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Неъматуллоҳи Акбар дар ҳамоишҳои “Чашмандозе ба таомулоти фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон” (11.05), ҳамоиши адибони тоҷику эронӣ — “Нигоҳе ба адабиёти муосир дар даврони истиқлол” (11.05), рӯнамоии китоби “Донишномаи забони тоҷикӣ” (11.05), маҳфили шеъри адибони Тоҷикистону Эрон таҳти унвони “Хаймаҳо аз ҳам ҷудо, дилҳо яке” (11.05), ҳамоиши “Баррасии вазъияти чоп ва нашри китоб баъд аз истиқлоли Тоҷикистон” (12.05), рӯнамоии китоби пажуҳишгари эронӣ Иброҳими Худоёр таҳти унвони “Зарафшони шеър” (12.05), нишасти “Фарозу нишеби кишварҳои забонвижа дар тарвиҷи байналмилалии китоб” (12.05) ва бузургдошти Ҷалоли Оли Аҳмадӣ (14.05) суханрониҳои пурмуҳтаво карда, Тоҷикистонро хуб муаррифӣ кардаанд.  

Иштироки меҳмонони Тоҷикистон дар Ҳамоиши бузургдошти Фирдавсӣ

Як нафар аз аъзои ҳайат ба ман гуфт, ки баъди суханронии Баҳманёр Муродӣ дар ҳамоиши “Нигоҳе ба адабиёти муосир дар даврони истиқлол”  як донишманди эронӣ, ки дар Тоҷикистон хеле шинохта аст, аз ӯ пурсидааст: “Ту дар Эрон таҳсил кардаӣ?”. Чун Баҳманёр мегӯяд, ки дар Тоҷикистон таҳсил кардааст, оқо бовар накардааст…

Чун баъди санаи 15-ум мо ҳам ба ин ҳайат расидем, ман шоҳиди он будам, ки аз суханронии сафир Низомиддин Зоҳидӣ, Раҳмоналӣ Мирализода, шеърхонии Хушомади Алидод, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Ҳаким, Шоира Раҳимҷон ва дикломаи Саодат Шарифзодаву Сайёфи Мизроб эрониён мафтун мешуданд.

Яъне муҳим он аст, ки Тоҷикистон чӣ гуна муаррифӣ мешавад…

Сафири Тоҷикистон

Дар ин нигошта наметавонам васфи Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ накунам. Ин ном барои аҳли сиёсат, дипломатия ва илми шарқшиносии тоҷик шинохта аст.

Бо шоира Гулрухсор ва Сафирон Низомиддин Зоҳидиву Муҳаммадтақии Собирӣ

Низомиддин Зоҳидӣ ҳамчун олими шарқшинос (арабшинос) оид ба адабиёти арабизабони замони Сомониён таҳқиқоти гаронарзиш доранд. Доктори илм, профессор ва узви АМИТ ҳастанд.

Ҳамчун сиёсатмадор ва дипломат ҳам соҳибтаҷриба ҳастанд, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буданд. Дар давраи ҳассос Сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйин гардиданд. 

Шоҳид будам, ки дар ин кишвар сафири моро бисёр дӯст медоранд ва нисбаташон эҳтиром доранд. Сафири мо ҳам дар маҷлисҳо хеле суҳбатҳои олиҷаноби бомантиқ мекунанд. Дарк кардам, ки барои сафири мо муҳимтарин чиз манфиатҳои миллӣ ва обрӯйи Тоҷикистон аст. Яъне метавон бо боварӣ гуфт, ки масъулиятеро, ки роҳбарияти кишвар ба дӯшашон гузоштааст, бо сарбаландӣ иҷро мекунанд.

Аҷиб буд, ки дар рӯзҳои Намоишгоҳ Низомиддин Зоҳидӣ ҳамеша дохили ғурфаи Тоҷикистон буданд ва ҳайати Тоҷикистонро танҳо намегузоштанд. Ҳатто ҷаноби Сафир ҳайати Тоҷикистонро то фурудгоҳ гусел карданд.

“Фиристода бояд, ки доно бувад”-ро Фирдавсӣ маҳз барои Зоҳидӣ барин сафирон гуфтааст.

Сӯзишворӣ арзону хона гарон

Аз фарҳанг гуфтам. Акнун каме аз Эрон мегӯям. Теҳрон — пойтахти Эрон ба гуфти худашон бисёр шаҳри шулуғ аст. Наздик ба 15 миллион аҳолӣ дорад ва 8 миллион мошини сабукрав дар ин шаҳр ба қайд гирифта шудааст. Бинобар ин, аз як ҷой ба ҷойи дигар рафтан дар Теҳрон хеле сангин аст.

Нарху наво дар бозорҳои Эрон назар ба Тоҷикистон арзон аст, ҳол он ки, худи эрониён аз гароншавии нархи маҳсулот шиква мекунанд. Зиёд бозоргардӣ накардаам. Фақат дар муқоиса мегӯям, ки бар ивази 2-3 доллар дар Эрон футболка, дар 5-6 доллар шими нағз ва дар 20-30 доллар шиму костюми хуб харидан имкон дорад.

Дар Эрон аз ҳама чизи арзон сӯзишворӣ аст. Барои мисол, 15 литр бензин ба 1 доллар баробар мебошад. Вақте ҳайратзада гуфтам, ки бензин дар шумо хеле арзон аст, ронанда суханамро қайчӣ карда, гуфт: “Бобо, ин бояд маҷҷонӣ бошад, чун моли худамон аст!”.

Мошинҳое, ки эрониён мегарданд, низ бештараш истеҳсоли худашон аст. Роҳбалади мо оқои Ризо мегуфт, ки дар Эрон 3 ширкати бузурги истеҳсоли мошин аст. Мошини хориҷӣ дар Эрон хеле гарон аст. Барои мисол, як “Лексус”-е, ки дар Тоҷикистон 20 ҳазор доллар аст, дар Эрон 50-55 ҳазор доллар арзиш дорад.

Вале хона дар Эрон хеле гаронарзиш аст. Барои мисол, дар маркази Теҳрон як хонаи дуутоқа (эрониён 3-хонагиро дуутоқа мегӯянд, зеро онҳо фақат хонаи хобро ҳисоб мекунанд) қариб 1 миллион доллар аст…

Бе чодар

Баъд аз қазияи Маҳсо Аминӣ аз Эрон хабарҳои зиёд мешунидем. Ҳатто менавиштанд, ки занони беҳиҷобро тактирандозҳо ҳадаф қарор медиҳанд…

Вале мо занони Эронро хеле озод дарёфтем. Хонумҳо дар паркҳо роҳат бе рӯсарӣ гаштугузор мекарданд. Бархе аз занон сигору қалён дуд мекарданд. Касеро ба касе коре набуд.  

Эрон фақат зоҳиран як кишвари исломӣ аст. Мардуми Эрон хеле пешрафта ҳастанд. Аз Ғарб камӣ надоранд. Инро сари ҳар қадам метавон мушоҳида кард.

Дастурхони эронӣ

Наметавонам як-ду ҳарф аз таомҳои эронӣ нагӯям. Эрониён хеле кам нон мехӯранд. Ғизоҳои бирёнӣ ва серравған ҳам истеъмол намекунанд. Бештар кабоби мурғ, моҳӣ ва таомҳои обпазу бӯғӣ мехӯранд. Сабзавот ва хӯришҳои тару тоза ҳамеша рӯйи дастурхонашон аст. Ҳамин аст, ки аксари эрониён чоқу хушқаду қомат ҳастанд. Одами фарбеҳ дар Эрон кам ба назар мерасад.

Аз ҳама аҷиб барои ман ин буд, ки эрониён чой кам менӯшанд. Қабл аз таом об, кола ё дӯғ менӯшанд. Баъди сарфи хӯрок як истаконӣ чой пешниҳод мекунанд. Вақте дар тарабхонаҳо мо нахуст чой талаб мекардем, дар ҳайрат мемонданд: “Шумо бо моҳӣ чой менӯшед?”. Тарабхонаҳоеро ҳам дидем, ки умуман чойник надоштанд…

Ҷолиб он аст, ки эрониён кола, оби ҷав (бе алкол) ва дигарро худашон истеҳсол мекунанд. Фаст-фуди эронӣ хеле болаззат ва на камтар аз Магдоналс ё KFC аст.

Хулоса

Намои Тахти Ҷамшед

Сафари Эрон бисёр хотирмон гузашт. Тамошои Бурҷи Мелод, Осорхонаи миллии Эрон, Порки табиат, сафар ба Шероз ва зиёрати оромгоҳи Саъдиву Ҳофиз, дидани Тахти Ҷамшед ва дигар ҷойҳои таърихиву тамошобоб фаромӯшношуданӣ ҳастанд. Дидору суҳбат бо номҳои барои тоҷикистониён ошно — оқоён Шабистарӣ, Гарморӯдӣ, Шеърдӯст, Шафеъи Кадканӣ… низ аз саҳифаҳои равшани ин сафар ҳастанд, ки дар мавриди муайян аз онҳо хоҳам гуфт.

Ин ҷо зарур мешуморам, ки барои ин сафар ба Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон оқои Муҳаммадтақии Собирӣ ва масъулини сафорат оқои Ороста ва хонум Самиъӣ, Сафири Тоҷикистон дар Эрон ҷаноби Низомиддин Зоҳидӣ ва кормандонашон, ҳамчунин ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон арзи сипос намоям.

Одил НОЗИР,

Душанбе-Теҳрон-Душанбе

Даромадгоҳи намоишгоҳи Китоби Теҳрон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *