Марги ронандаи ноболиғ ва ду кӯдак дар ноҳияи Рӯдакӣ

Субҳи рӯзи 30-юми май дар ноҳияи Рӯдакӣ як садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод. Дар ин бора маркази матбуоти КҲФ хабар дод.

Бино ба иттилои ба даст омада, як хонанаи синфи 9 аз уҳдаи идораи автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes Benz”набаромада, онро ба контейнери канори роҳ бармехӯронад. Ин мошин аз они сокини 27-солаи деҳаи Мирзочӯли деҳоти Чоряккорони ноҳияи мазкур будааст.

Ба қавли манбаъ, дар ин ҳодисаи нохуш ронанда бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷойи ҳодиса фавтида, ду писари дигари соҳиби мошин дар канали Ҳисор ғарқ шуда, ҷон бохтаанд.

Дастаи махсуси зудамали Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷоти Кумита ба ҷои ҳодиса рафта, пас аз як соати ҳодиса ҷасади ронандаи ноболиғро аз дохили автомашина бароварда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *