Қурби асъор: Арзиши сомонӣ боло рафта истодааст
Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар Тоҷикистон поинравии қурби асъори хориҷӣ аз оғоз ҳафта оғоз шуда, арзиши пули миллӣ дар ҷумҳурӣ нисбати дигар асъор боло рафта истодааст
Бино ба иттилои БМТ, қурби расмии рубли Русия дар Тоҷикистон ба 0.164 сомонӣ баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ барои 1000 рубл 164,5 ва дар оғози ҳафта 165,5 сомонӣ медоданд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин қурби 1 доллари ИМА-ро 10.2425 сомонӣ ва 1 евроро 10.1657 сомонӣ муқаррар намудааст, ки нисбати нишондоди охири ҳафтаи гузашта поинтар мебошад.
Манбаъ дар мавриди харидуфурӯши асъори нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба ҳисоби миёна феълан 1 доллар аз 10.2425 то 10.1500 сомонӣ, 1 евро аз 10.1657 то 10.1400 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1640 то 0.1665 сомонӣ арзиш доранд.
БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур дар пай ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ