Аз фарҳанги истифода то таҳаммулпазирӣ. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чиро бояд донанд?

Имрӯз фазои маҷозӣ ба майдони бузурги муошират табдил ёфтааст. Дилхоҳ шахс ҳар чизеро меписандад, ба шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад, фикрашро баён мекунад, савол медиҳад ва назари масъулеро пурсон мешавад. Бархе кӯшиш мекунанд, ки ахбори саҳеҳро дарёфт кунанд. Аммо гуруҳи дигар ахборро насанҷида, ба гуруҳҳо мекоранд. Яъне, ба назар мерасад, ки на ҳар истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз фарҳанги он бохабар аст. Он чӣ оқибат ба бор меорад? Мутахассисон, корбарони интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ назар доранд?  

Аз таҳқиру таҳдид то суханҳои фаҳш

Нафаре агар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Фейсбук” ё “Ютуб” маводи сиёсӣ ва ё диниеро пахш намояд, зуд мавриди ҳамла ва таҳқири истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад. Бештари истифодабарандагони интернет намедонанд, ки чӣ менависанду чӣ мегӯянд. Ба мушоҳида мерасад, сокинон маводҳоеро, ки таҳқиркунанда ва бадномкунанда ҳастанд, ё хусусияти маҳаллӣ, динию мазҳабӣ доранд, пахш месозанд, то аудиторияи худро васеъ созанд ва ба ҳамин васила ба мақсадҳои худ ноил гарданд. Истифодабарандагоне, ки саводи расонаӣ надоранд, зуд ба “ҳуҷум” мегузаранд ва оқибати амали худро дарк намесозанд. Имрӯзҳо дар бештари маврид шабакаҳои иҷтимоӣ минбари чунин баҳсҳо гаштаанд ва сокинон зуд ба онҳо бовар мекунанду саҳеҳияти хабарро ҷустуҷӯ намекунанд.

Саодат Муминова фаъоли шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аст. Ӯ мегӯяд, ки “имрӯзҳо дар комментарияҳои шаҳрвандон суханони кӯчагии фаҳш, туҳмат, таҳдид, таҳқир озодона чоп мешаванд. Аз қабили «сӯхта гирифт», бе қарори суд инсонро «хоини миллат»  эълон мекунанд, «шумо мамлакатро ба ҷанг овардед» мегӯянд, хулоса на модар мемонанд, на хоҳар. Ҳар рӯз тамғаҳои навро ихтироъ мекунанд ва бо ҳар баҳона ба ҳар кас часпонидани тамға ва амсоли ин. Одоби баҳси ботаҳаммул бо далелҳои қотеъ ва нашикастани қолабҳои фарҳангӣ ва этикӣ бояд риоя шавад. Ин амалҳо боз аз нав ба баҳсҳои кӯчагии пуч ва таҳқирҳои беасос оварда мерасонанд”.

Хабарро аз манбаи боэътимод бояд ҷуст

Муқаддас Ҳалимова корманди Китобхонаи миллӣ аст. Ӯ ҳамчун коршинос ва истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар суҳбат ба мо гуфт: “Аслан, ба чунин маводҳо эътибор додан даркор нест, зеро онро шахсоне пахш мекунанд, ки бештарашон хонашин ҳастанд ва дурӯғ мегӯянд. Шахсан ман онҳоро аз шумори дӯстонам пок мекунам. Хуб мешуд, ки сокинон ахбори дурустро аз ВАО-и кишвар, телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо, ки самти фаъолияти онҳо расонидани иттилоот ба мардум аст, пайгирӣ кунанд”. 

Насрулло Наимов, сокини пойтахт мегӯяд, ки “набояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон маводҳои хусуматомез пахш кунанд. Шахсоне, ки онро пайгирӣ ҳам мекунанд, набояд аз таҳқиру дашном истифода баранд. Аз ин рӯ, ниҳодҳои марбутаро мебояд назорат баранд. Сокинон ахбори дурустро метавонанд аз сомонаҳои расмӣ пайдо кунанд. Расонаҳои расмӣ албатта ба ҳар навиштаи худ ҷавобгар ҳастанд. Сомонаҳое, ки мавқеи расмӣ надоранд ва номаълум, ки ба кадом ҳадафҳо таъсис дода шудаанд, шубҳаангез мебошанд”.

Саводи расонаӣ чист?

Қутбиддин Мухторӣ, коршиноси масоили расонаӣ бошад, мафҳуми “саводи расонаӣ”-ро чунин шарҳ дод: “Сабаби омӯзиш ва донистани мафҳуми “саводи расонаӣ” майдони васеъ будани шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн намудани ахбору иттилоот аст. Ҳама дониставу надониста манбаъ ва сарчашмаи пахши иттилоот шуданд. Ана, ҳамин чизҳо тақозои онро ба вуҷуд овард, ки ҳама бояд “саводи расонаӣ” дошта бошанд. Ҳар касе, ки ақлу малакаи дидану шунидани ахбору иттилоотро дошта бошад, бояд аз саводи расонаӣ бохабар шавад. Умуман, саводи расонаӣ ду ҳадаф дорад: таҳлили ҳама гуна иттилоъ ва дақиқ намудани сарчашма ё саҳеҳии он. Пахши дурусти иттилоот низ муҳим аст. Зеро иттилое пайдо мешавад, ки боис ба ихтилофи миллӣ, маҳаллӣ, қавмӣ ва ғайра мегардад. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби шахсоне, ки “саводи расонаӣ” надоранд, имкони пахши маводе мешавад, ки шаъну шарафи нафаре поймол гардад. Ҳатто, боис ба зери хавф мондани ҳаёти касе гардад ва ё хабареро пахш намояд, ки умумӣ набуда, ба ҳаёти шахсии нафари алоҳида дахл дошта бошад. Масалан, пахши навору маводҳои маҳрамона. Келини фалонӣ фалон кор кард, ё духтари фалонӣ фалон. Аслан, бояд чунин навору маводҳо паҳн нагарданд. Аз ин ҷиҳат, “саводи расонаӣ” торафт барои ҳамин аудитория муҳимият пайдо мекунад”.

Ба андешаи мавсуф, мардум назари интиқодӣ надоранд ва зудбовар ҳастанд. Инчунин, истифодабарандагон таҳаммулпазир нестанд.

Ҳоло мушоҳида менамоем, ки майдони истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ торафт васеътар мегардад. Ҳар лаҳза корбарон постҳои гуногунро дар шабакаҳо мекоранд. Оқибати сухани гуфтаашонро, ки баъзан дар он бӯйи хусумат, таҳқир ё маҳалгароӣ ба назар мерасад, фикр намекунанд. Аммо ахлоқ бояд меҳвари асосии гуфтугӯ ё навишт дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери шарҳҳо бошад. Агар хонанда ба чунин хабарҳо ҳам рӯ ба рӯ шавад, лозим аст, ки такя ба манбаъҳои эътимодбахш намояд.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *