Қурбон Ҳакимзода: Бо изофанависӣ шиками мардум сер намешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иддае аз масъулин дар кишти картошка изофанависӣ кардаанд. Ҳисоботи бардуруғи кишти 187 гектар картошка зимни гузарони ченак аз ҷониби Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон ошкор карда шудааст.

 Мирзо Менглиқулов, сармутахассиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, мувофиқи маълумоти оморӣ то якуми январи соли ҷорӣ, майдони кишти картошка 1 ҳазору 370 гектар аст. Аммо бо гузаронидани ченак, маълум гардид, ки масъулин кам не, дар кишти 187 гектар замин маълумоти бардуруғ пешниҳод кардаанд.  

Ин ҳам дар ҳолест, ки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии хеш, ки 10-феврали соли равон баргузор гардид, гуфт изофанависӣ дар 187 гектар не, аз инҳам зиёд аст. Ӯ мегӯяд,  чунин ҳолатҳо ҳаст. Дар як ноҳияи Муъминобод наздики 900 гектар дар кишти картошка изофанависӣ шуда буд. Соли гузашта нафароне, ки ба ҳамин хаттогӣ роҳ доданд, нисбаташон чораҳои қатъӣ андешида шуд.   

—Бо изофанависӣ шиками мардумро сер карда намешавад. Картошка имрӯз нони дувум шудааст. Ҳоло муҳлат додаем. То 15-феврал ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва то 1-март минтақаи Кӯлоб дар кишти картошка муҳлат доранд. Ба масъулин гуфтам, кишти картошка ин мусобиқа нест. Чизеки ҳаст ҳамонро бояд нишон дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *