Роҳҳо баста, муҳоҷир намерасад…

Норасоии кадрҳо бештар дар шаҳрҳои калон шадид аст, зеро дар он ҷо қувваи корӣ тамоми сол талабот дорад.

Дар Русия шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар натиҷаи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 20% коҳиш ёфтааст. Дар ин бора директори Маркази технологияҳои гуманитарӣ ва таҳқиқоти «Механикаи иҷтимоӣ» Михаил Чураков ба «Ридус» хабар дод. Вай маълумотҳоеро мисол овард, ки тибқи он айни замон дар кишварРусия аз чор то ҳашт миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд. Коршинос қайд кард, ки айни замон шумораи ҷойҳои корӣ низ коҳиш ёфтааст, аз ин рӯ, дар асл ҳиссаи ҷойҳои холии корӣ дар иқтисодиёт каме тағир ёфтааст. Вай пешгӯӣ кардааст, ки дар шаш моҳи оянда, вақте ки иқтисод рушд мекунад, шумораи бештари муҳоҷирон ба кор ҷалб хоҳанд шуд, зеро шумораи ҷойҳои кории холӣ ва муҳоҷирон афзоиш хоҳад ёфт. Норасоии кадрҳо бештар дар шаҳрҳои калон шадид аст, зеро дар он ҷо қувваи корӣ тамоми сол талабот дорад. Ҳамзамон, ӯ вазъи кунунии бозори меҳнатро вазнин номид ва эътироф кард, ки тамоюли дарозмуддати коҳиши кадрҳои баландихтисос метавонад иқтидори афзоиши иқтисодиётро маҳдуд кунад. Сардори управленияи бинокории шахр Рафик Загрутдинов гуфт, ки дар комплекси бинокории Москва кариб 15—20 хазор нафар коргарон намерасанд. Вай тавзеҳ дод, ки норасоии нерӯи корӣ аз он сабаб аст, ки муҳоҷирон дар натиҷаи баста шудани марз наметавонанд вориди кишвар шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *