ДССХ 3 ихтисосашро аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаронад

Дар назар аст, ки аз 18-20 феврали соли ҷорӣ 3 ихтисоси донишкада, аз ҷумла, «иқтисодиёти ҷаҳонӣ», «сайёҳат ва меҳмондорӣ» ва «менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ”  тариқи онлайн аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шаванд.

Ин нуктаро имрӯз, 11-уми феврал Убайдулло Асрорзода, ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат зимни нишасти матбуотӣ гуфт.

Ректор афзуд: “Масъалаи аз аккредитатсия гузаронидани ихтисосҳои донишкада ҳанӯз аз соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дорад ва ба наздикӣ мо бо намояндагони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон (NAAR) гуфтушунид доштем ва аз ҳафтаи нав мумкин аст, ки ин кор тариқи онлайн анҷом дода шавад”.

Ҳамчунин, дар нишасти мазкур доир ба таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд, ки тибқи маълумоти масъулин дар ҳоли ҳозир дар ДССХ 298 нафар донишҷӯён аз Ӯзбекистон ва 1 нафар аз Афқонистон таҳсил менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *