“Тоҷикистон” чӣ менависад?

Парвозҳо ба самти Русия оғоз мешаванд? Ҳафтаи равон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Русия сафари корӣ анҷом дод. Зимни ин сафар мавзӯи асосии суҳбат оғоз барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Русияву Тоҷикистон буд. Ин сафар чӣ натиҷа дод?

Кай парвозҳо оғоз мешаванд? Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар матлаби “Тоҷикистон чӣ мехоҳад? Русия чӣ мегӯяд?” ин масъаларо пайгирӣ кардааст.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун 75 -сола шуд. Ӯ дар як суҳбати муфассал бо журналист Одил Нозир дар мавриди рӯзгори хеш, вазъи адабиёт, сиёсат, демократия ва ояндаи Тоҷикистон изҳори ақида намуд.
Профессор Ҷовид Муқим зимни як суҳбати ихтисосӣ бо “Тоҷикистон” дар мавриди вазъи журналистика, сатҳи дониши донишҷӯёни факултаи журналистика ва ояндаи матбуот гуфт.

Ба фикри Ҷовид Муқим дар ояндаи наздик нашрияҳои чопӣ аз байн мераванд. Ин ақидаи худро ӯ чӣ тавр асоснок мекунад? Дар ин бора аз саҳифаҳои “Тоҷикистон” посух хоҳед ёфт.

Соҳибкори тоҷик Маҳмудҷон Муродов, ки бо номи Ҳоҷӣ Маҳмуд маъруф аст, ба як оилаи ниёзманд хонаи сеҳуҷрагӣ ҳадя кард. Дар мавриди рӯзгори душвори ин зан pressa.tj гузориш таҳия карда буд.
https://www.youtube.com/watch?v=rvrk0T0v7YE
Дар матлаби “Маъюбӣ маҳдудӣ нест!” “Тоҷикистон” ин ҳафта ба масъалаи мушкилоти донишҷӯёни маъюб дахл кардааст. Донишҷӯёни маъюб чӣ мушкилот доранд? Аз чӣ танқисӣ мекашанд? Чӣ бояд кард, ки рӯзгори онҳо роҳаттар бошад? Ин суолҳоест, ки дар ин матлаб матраҳ шудааст.

Дар баробари ин шумо метавонед дар шумораи нави “Тоҷикистон” матолиби зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мутолиа кунед.

“Тоҷикистон”-ро ҷӯед, ёбед, хонед, зеро “Рӯзнома зиёд “Тоҷикистон” яктост!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *