Қурбон Ҳакимзода: Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ҳодисаи нодиру сарнавиштсоз аст

Имрӯз, 16-уми ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Ҳамчунин, ба ин муносибат раҳпаймоӣ бо иштироки бештар аз панҷ ҳазор нафар доир гардид.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун ҳодисаи нодиру сарнавиштсоз, падидаи ҳалкунанда ва бунёдгузор, сарчашма ва ибтидои сулҳу амонӣ ва ҳифзи давлатдории тоҷикон бо сатрҳои заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд, ки маҳз баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу осоиштагӣ, таъмини амнияти кишвар ва суботи сиёсӣ нақши калидӣ гузошта, ҳифзи ин неъмат ба зиммаи имрӯзиёну ояндагони миллат аст.

— Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ин солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру далер амал карда, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ, иқтисодӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд. Мо барои ин сарсупурдагӣ аз Сарвари муаззами давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан сипосгузорем ва ӯро самимона дӯст медорем,- афзуд вай.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин афзуд, ки “аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ 30 сол сипарӣ гардидааст ва дар ин муддат вилояти Хатлон бесобиқа рушд кард. Маҳз бо даъвату ҳидояти Роҳбари давлат, дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон беш аз ҳашт ҳазор иншооти таъиноти гуногун сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ин иқдом аз хирадмандию дурандешии Пешвои муаззами миллат бозгӯӣ мекунад”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *