Ифтитоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ ба пешвози ҷашни Иҷлосияи тақдирсоз (аудио)

Имрӯз, 16-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, “боғи фарҳангию фароғатии дар ин макони таърихӣ ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдгардида таҷассуми марҳилаи созандагию ободкорӣ дар кишвар, туҳфаи арзанда ба ҷашни фархунда мебошад”.

Маркази фарҳангию фароғатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар масоҳати 7 гектар дар асоси лоиҳаи Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “САНИОСП” дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев” бунёд карда шудааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмону ободониро коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Бунёди Аҷам” ва “Раҳмониён” анҷом додаанд.

Дар даромадгоҳи асосӣ дарвоза ҳамчун рамзи ворид шудан ба ин макони таърихӣ бо паҳноии 34 метр ва баландии 20 метр сохта шудааст. Аз дарвоза ба самти иншооти асосии боғ — “Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ роҳрави калони ду тарафаш сабзу хуррам бунёд карда шудааст.

— Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди муассисаи давлатии “Қасри маданияти Арбоб” боз як иқдоми созандаю ободонӣ ва шаҳодати вусъати бунёдкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати сулҳу суботи ҷомеа ва ҳадафҳои созанда сарчашма мегиранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *