Қурбониёни тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон: 1 кушта ва чанд захмӣ (аудио)

Баъди рух додани тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, расонаҳо аз кушта шудани 1 нафар марзбони тоҷик ва маҷруҳ гардидани чанд нафари дигар хабар доданд.

Аз бемористони марказии шаҳри Исфара иттилоъ додаанд, ки ҳоло сарбозони захмишударо барои табобат аз Ворух ба марказ фиристодаанд.

Пештар КДАМ Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14-уми сентябр неруҳои қирғиз бе ягон сабаб аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи Кехи Исфара паррондаанд. «Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд»,- омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод афзудааст, ки айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *