Журналист Владимир Сунгоркин даргузашт

Владимир Сунгоркин, сардабири нашрияи “Комсомольская правда” дар синни 68-солагӣ даргузашт.

Хабари марги ин журналисти шинохтаи русро рӯзномаи мазкур дар сомонаи худ ва расонаҳо нашр кардааст.

Тавре дар канали “Telegram”-и нашрия хабар доданд, Сунгоркин дар Приморе ҷон додааст. Ӯ дар Приморе ҷамъоварии маводҳо  барои китоби кашфкунадаи бузурги Шарқи Дур Владимир Арсениев машғул будааст. Китоб ба наздикӣ бояд ба чоп мерасид.

Аммо фарзияе мавҷуд аст, ки Сунгоркин аз сактаи мағзӣ даргузаштааст. Инро як манбаи наздик ба мудири расонаҳо ба хабаргузории ТАСС гуфтаааст. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *