Қурбониёни заминларза. Дар Туркия беш аз 29,5 ҳазор, дар Сурия 4,5 ҳазор нафар
Қурбониёни заминларзаи ахир дар Туркия ба беш аз 29,5 ҳазор ва Сурия бошад, ба 4,5 ҳазор нафар расидаанд. Дар ин бора «Al Jazeera» иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар ҳар ду кишвар зиёда аз 80 ҳазор нафар захмӣ шуда, садҳо ҳазор нафари дигар бехона мондаанд. Корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд ва дар онҳо наҷотбахшон аз 70 кишвар, аз ҷумла беш аз 50 нафар аз Тоҷикистон ширкат доранд.
Мақомоти Туркия дар робита ба фурӯрезии биноҳои баландошёна тафтишотро оғоз ва беш аз 100 касро дастгир кардаанд. Инчунин, зиёда аз 50 нафар ба ғоратгарӣ айбдор мешаванд. Дар ҳамин росто, Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфтааст, ки онҳо аз ҷавобгарӣ озод нахоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки заминларзаи мудҳиши 7.7-дараҷаӣ шаби 6-уми феврал аввал Туркия ва чанд соат баъд бо нерӯи 7.6 дараҷаи ҷадвали Рихтер Сурияро такон дод.
Дар Туркия барои се моҳ вазъияти фавқулода эълон шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ