Туркия заминларза

Заминларзаи Туркия: Имдодгарони тоҷик писарбачаи сесоларо наҷот доданд (видео)

12-уми феврали соли 2023 дар ноҳияи Оникисуботи шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон писарбачаи сесоларо бо исми Явуз аз зери вайронаҳо зинда берун овраданд.

Навори наҷоти писарбача дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва дар як замони кӯтоҳ паҳн гардид. Гуфта мешавад, ки Явуз муддати 158 соат зери ғарами оҳану бетон, деворҳои фурӯрафтаи бинои истиқоматӣ зинда мондааст.

Тавре дар хабарҳо омадааст, дар ҷараёни ҷустуҷӯҳо наҷотдиҳандагони КҲФ 78 ҷасади нафареро, ки бар асари заминларза ҷон бохта буданд, берун овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *