Қутбиддин Мухторӣ: Саводи расонаӣ барои мардум муҳим аст

Қутбиддин Мухторӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҷрибаи беш аз 15-солаи омӯзишу таълим дар самти саводи расонаӣ дорад. Ӯ  курсҳои махсуси саводи расонаиро дар шаҳрҳои Алмаато, Бишкек ва Душанбе гузаштааст. Имрӯз мафҳуми “саводи расонаӣ” миёни омма рӯз аз рӯз серистифода мешавад. Чаро? Чӣ гуна мардум бояд ба маводҳои воситаҳои ахбори омма назари интиқодӣ ва таҳлилӣ дошта бошанд? Фарқ миёни иттилои дурӯғ ва саҳеҳ чист? Ба ин ва дигар суолҳои вобаста ба мавзӯъ устоди ДМТ Қутбиддин Мухторӣ ҷавоб гуфт.

— Устод, имрӯз мафҳуми “саводи расонаӣ”-ро зиёд истифода мебаранд. Аммо на ҳама моҳияти онро сарфаҳм мераванд. Шумо солҳо дар тренингҳо иштирок кардед, ба шогирдон меомӯзонед. Умуман, “саводи расонаӣ” чист ва барои кӣ муҳим аст?

— Аслан, ба масъалаҳои “саводи расонаӣ” Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта рӯ оварда буд. Баъдан, дар ин ҷо кӯшиш шуд, ки он оҳиста — оҳиста дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ шавад. Дар Осиёи Миёна бошад, соли 2012 рӯзноманигорон ҷамъ омада, аз як курси “саводи расонаӣ” гузаштанд, аммо паҳн нашуда монд. Баъдан, аз соли 2017 бори дигар ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Таваҷҷуҳ аз он сабаб буд, ки аз солҳои 2013 — 2014 гаравиши ҷавонони Осиёи Миёна ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ афзуд. Масъалаи дигар рушд намудани технологияи иттилоотӣ, инчунин, майдони васеъ будани шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн намудани ахбору иттилоот аст. Ҳама дониставу надониста манбаъ ва сарчашмаи пахши иттилоот шуданд. Ана, ҳамин чизҳо тақозои онро ба вуҷуд овард, ки ҳама бояд “саводи расонаӣ” дошта бошанд. Ҳар касе, ки ақлу малакаи дидану шунидани ахбору иттилоотро дошта бошад, бояд аз саводи расонаӣ бохабар шавад.

— Яъне, ҳадаф ин аст, ки аудитория байни ахбори дурусту нодуруст фарқ гузошта тавонад. Дуруст аст?

— Бале, ҳадафи асосӣ ҳамин аст. Умуман, саводи расонаӣ ду ҳадаф дорад: таҳлили ҳама гуна иттилоъ ва дақиқ намудани сарчашма ё саҳеҳии он. Пахши дурусти иттилоот низ муҳим аст. Зеро иттилое пайдо мешавад, ки боис ба ихтилофи миллӣ, маҳаллӣ, қавмӣ ва ғайра мегардад. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби шахсоне, ки “саводи расонаӣ” надоранд, имкони пахши маводе мешавад, ки шаъну шарафи нафаре поймол гардад. Ҳатто, боис ба зери хавф мондани ҳаёти касе гардад ва ё хабареро пахш намояд, ки умумӣ набуда, ба ҳаёти шахсии нафари алоҳида дахл дошта бошад.

— Метавонед ба хонанда бо мисол шарҳ диҳед?

— Масалан, пахши навору маводҳои маҳрамона. Келини фалонӣ фалон кор кард, ё духтари фалонӣ фалон. Аслан, бояд чунин навору маводҳо паҳн нагарданд. Аз ин ҷиҳат, “саводи расонаӣ” торафт барои ҳамин аудитория муҳимият пайдо мекунад.

— Аммо мақсади асосии онҳо ҷалби аудитория ба худ аст. Магар онҳо метавонанд аз ин шева даст кашанд?

— Вақте бо донишҷӯёни рӯзноманигори оянда ё бо худи рӯзноманигорони амалӣ дар ин маврид баҳс менамудем, онҳо ҷалби аудиторияро дар мавзуҳои сенсатсионӣ, ба ибораи дигар, ҳангома ва ё гузоштани сарлавҳа медонанд. Мисол, мегӯянд, ки “вазирро ба дор кашиданд”. Шояд сухан дар бораи кадом вазире аз қораи Африқо равад. Аммо онҳо бо ин роҳ аудиторияро фиреб медиҳанд. Агар ин пайдарпай идома ёбад, маротибаи дигар ҳатто ахбори муътамад ҳам бошад, хонанда дигар ба он сар намезанад. Яъне, эътимод аз байн меравад. ВАО танҳо ба оҳистагӣ ва бо ахбори муътамад метавонад аудиторияи худро пайдо намоянд. 

— Чӣ гуна аудитория, яъне омма миёни иттилои дурӯғ ва саҳеҳ фарқ гузошта тавонад? Масалан, баъзан дар расонае нафаре ё объекте интиқод шудааст. Нафари интиқодшуда ҳамон матлабро чӣ гуна қабул кунад?

— Пеш аз ҳама, бояд ахборро аз манбаъҳои боэътимод гирем. Аз манбае, ки ба шаффофияти он бовар дорем. Ин малакаи аввалин аст. Албатта, масъалаҳои дигар ҳам ҳаст, ки як нафари оддӣ бо дастгоҳҳои оддӣ наметавонад ахбори саҳеҳро фарқ кунад. Барои ин гуна одамон пеш аз ҳама рӯ овардан ба сарчашмаи муътамад ва санҷидани он аз сарчашмаҳои дигар муҳим аст. Маслан, шумо рӯзномаи “Тоҷикистон”, “Азия плюс”-ро пайваста мехонед ё телевизиони “Тоҷикистон”-ро тамошо мекунед. Вақте иттилоъро дар дигар ҷой дидед ва онро аз расонаҳои доимӣ хондаатон низ пайдо кардед, пас иттилоот дуруст аст. Дар ҳамин сурат ҳам бояд шумо таҳлил намоед.

— Яъне, тафаккури интиқодӣ лозим аст?

— Бале, тафаккури таҳлил ва интиқодӣ бояд дошта бошем.

— Оё тафаккури интиқодӣ дар кишвари мо шакл гирифтааст? Мардум то куҷо онро дарк мекунанд?

— Мутаассифона, не. Мардуми мо зудбовар ҳастанд. Ғайр аз ин, дар миёни мардуми мо таҳаммулпазирӣ хеле кам аст. Масалан, агар шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ як маводи динӣ ё сиёсӣ гузоред, ҳар нафаре, ки ба ақидаи шумо зид аст, дарҳол ба таҳқиру таҳдид ва дашном мегузарад. Ҳол он ки, доштани таҳаммулпазирӣ ҳам яке аз масъалаҳои доштани “саводи расонаӣ” мебошад.

— Пас, оқибати баҳсу ҷангҷолҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чист?

— Ҳама ихтилофҳое, ки оҳиста — оҳиста ҷамъ мешаванд, дар натиҷа коса пур мешавад. Масалан, ҳамаи назару андешаҳое, ки хилофи назари мардум бошад, рӯзе мерасад, он аксуламали сахт нишон медиҳад.

— Мавридҳое ҳастанд, ки дар бораи ягон мансабдор ё ягон корхонаву мақомот маводи интиқодӣ нашр ё пахш мешавад. Аммо баъзан мансабдорон онро расидан ба шахсияти худ медонанд ва муносибаташон бо ҳамон воситаи ахбори омма сард ё дигар мешавад. Дар ҳамин маврид “саводи расонаӣ” ягон меъёри муайян дорад? Чӣ бояд кард?

— “Саводи расонаӣ” дигар паҳлуҳоро ҳам дар худ фаро мегирад. Тавре ишора кардем: ба монанди таҳаммулпазирӣ, назари интиқодӣ, риояи одоби муошират дар ҳузури омма. Ҳамаи инҳо ҳам аз унсурҳои “саводи расонаӣ” мебошанд. Танқидро таҳаммул накардани мансабдор ҳам аз ҳамин ҷо сар мезанад, ки дар психологияи мо таҳаммулпазирӣ ташаккул наёфтааст. Ин тафаккур бояд аз овони хурдӣ дигар карда шавад. Зеро синну соли мансабдор аллакай ба ҷое расидааст. Дар таълими мактаб ҳоло мафҳуми “муносибати босалоҳият” пайдо шудааст. Хонандаҳо фикрҳои худро мегӯянд, таҳаммул кардан ба гуфтаи дигарон, назари дигаронро ҳам дарк кардану шунидан ва ҳамин тавр оҳиста — оҳиста дар шуури онҳо нақш мебандад.

— Имрӯз то куҷо “саводи расонаӣ” ҳамчун фан дар факултаҳои рӯзноманигорӣ зарур аст?

— Зарурият ба фанни алоҳида нест. Зеро донишҷӯён дар доираи фанҳое, ки мехонанд, бояд дар дохили онҳо “саводи расонаӣ”-ро дар худ ташаккул диҳанд. Фанҳои ахлоқи касбии рӯзноманигор, одоби муошират, асосҳои ҳуқуқи рӯзноманигорӣ, асосҳои фаъолияти касбӣ, ки ҳаммаи онҳоро устодон ба рӯзноманигорон меомӯзонанд. Аммо саводи расонаӣ агар ба дигар қишрҳои ҷомеа таълим дода шавад, ба мактаббачагон аз синфҳои поёнӣ, ҳамон даврае, ки қобилияти дарку фаҳмиши телефонро доранд, ҳамчун як банди алоҳида тадрис шавад, беҳтар аст. Дигар роҳи беҳтари паҳн намудани “саводи расонаӣ” дар дохили фан ворид намудани он аст.

— Чӣ гуна?

— Масалан, дар фанни биология муаллим дар бораи моҳиҳои дусару сесар ё ягон намуди ҳайвонот маълумот медиҳад. Хонандагон онҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебинанд. Дар ин сурат муаллим дурусту нодуруст будани маълумотро мефаҳмонад. Ё дар бораи моҳидухтар, ба истилоҳ “русалка”, ки дар шабакҳои иҷтимоӣ зиёд аст. Бояд муаллим то куҷо он ба ҳақиқат наздик аст, ба хонандагон фаҳмонад. Ҳамин гуна маълумот дар фанҳои таърих, иҷтимоиёт, география, махсусан физика бисёр паҳн мешавад.

— Албатта, барои ҳамаи ин замина лозим аст. Магар онро дорем?

— Мутаассифона, надорем. Аммо заминаро оҳиста — оҳиста бояд гузорем. Дар муассисаҳои таълимӣ бояд лоиҳаву барномаҳое ҷорӣ карда шаванд, ки муносибати босалоҳият ва саводи расонаӣ дар раванди таълим татбиқ гардад. 

Мусоҳиб: Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *