Ҳалокати ноболиғи 4-солаву 17-сола дар садамаи нақлиётӣ

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар як рӯз ду ноболиғ яке 4-сола ва дигаре 17-сола дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми декабри соли 2019, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мирзошоев Салимҷон Саидович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ваҳдат ба самти маркази ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди маркази ноҳия аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Давлатёров Разиаллоҳ Риёзқулович, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Ваҳдатро пахш намудааст.

Мутаассифона, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Давлатзода Ҳоҷӣ Хайрулло, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ифтихор аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Гулмуродов Фирдавс Шералиевич, соли таваллудаш 2002, хонандаи синфи 11-уми МТМУ, сокини деҳаи Навободи ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *