1,7 миллиард рубл барои ороиши Маскав дар Соли нав

Шаҳри Москваи Русия дар ҷашнҳои марбут ба солинавӣ бештар аз 1 миллиарду 700 миллион рубл харҷ мекунад. Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба сомонаи харидҳои давлатӣ иттилоъ дод.

Аз ин миқдор маблағ 825 миллионро боғҳои Москва барои яхмолакбозӣ сарф мекунанд.

Харҷҳои марбут ба зиннат бахшидани шаҳр ва боғҳо 562 миллион рублро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта 1,5 баробар бештар аст. Соли гузашта барои зиннат додани шаҳр 323 миллион харҷ шуда буд. Ду сол пеш Москва барои чароғон кардани шаҳр дар ҷашни Соли нав наздики 500 миллион рубл харҷ карда буд.

Бо 304 миллион рубли дигар Москва соли ҷорӣ консерт, ярмарка ва гаштугузори мардумӣ ташкил мекунад. Қариб 35 миллиони дигар ба маводи тарфгарӣ ва бештар аз 20 миллион рубл барои туҳфаҳо харҷ мешавад.

Маълумоти бисёре аз ширкатҳое, ки ин хизматрасониҳоро фароҳам мекунанд, ошкор нашудааст. Гуфта мешавад, ба хотири давр задани таҳримҳои байналхалқӣ мақомоти Русия тасмим гирифтанд, ки мушахассоти ширкатҳоро ошкор накунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *