Ҳамлаи гургҳо аз Афғонистон ба Бадахшони Тоҷикистон
Куҳансолони деҳот бар онанд, ки зимистони соли ҷорӣ барои чорвопарварон ташвиши бештарро рӯи кор меорад. Зеро ҳоло миёнамоҳи тирамоҳ, барф ҳанӯз наборидааст, аммо чун шом фаро расад, сокинони деҳот дар назди ҳавлиашон аллакай ба даррандагон дучор мешаванд.
Мардум дар ҳарос
Ак-аки сагҳои деҳот то субҳидам хомӯш намегардад. Ин маънои онро дорад, ки дар деҳа даррандагон ҳастанд. Дар 3-4 соли охир сокинони деҳоти Бадахшон аз ҳуҷуми гургу паланг ба чорвоашон ба дод омадаанд. Чун шом фаро расад, мардум аз бими гург дар ҳаросанд.
Рӯзи 8-уми моҳи октябри соли ҷорӣ сокинони мавзеи Чашмаи деҳаи Тавдеми Ҷамоати деҳоти ба номи Қурбоншоҳ Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа бузу гӯсфандонашонро аз чарогоҳи тобистонаи Ҷавшангоз оварда, чун шом фаро расид, онҳо чорвоёнашонро вориди оғилхонаи нафаре, ки дар даромадгоҳи мавзеи Чашма мезист, гардониданд. Пагоҳӣ омада, хостанд, ки ҳар кас бузу гӯсфандонашро ба ҳавлиашон баранд, аммо мебинанд, ки 10 сар бузу гӯсфанд ғарқи хоку хун ғелидаанд.
Яке мегӯяд, ки ин амали паланг ҳасту дигаре бар он аст, ки ин ҳайвони дарранда сияҳгӯш аст. Чунин ҳодисаҳо ду-се сол қабл моҳҳои январу феврал рух медоданд, имсол бошад, моҳи октябр. Худи ҳамин шаҳодати он аст, ки Ҷамъияти шикорчиёну мутасаддиёни дигар бояд ба ҳифзи мардуму чорпоёнашон аз ҳамлаи даррандагон, ба вижа гург, омода Зимистони соли сипарӣ гург дар қарияи Поршнев духтару модарашро ба ҳалокат расониду дар Ҷамоати деҳоти Сучон 2 нафар кӯдакро захмӣ кард.
Модару кӯдак дар чанголи гург
Мушоҳида мешавад, ки дар 4-5 соли охир шумораи гургон зиёд шуда, на танҳо дар кӯҳсор, балки дар водӣ низ паҳн гардидааст.
Соли гузашта рӯзона дар мавзеи Тағарқақии ноҳияи Шуғнон ронандаи мошини Дулон, ки аз самти Чин тарафи Бадахшон ҳаракат мекард, галлаи гургонро мебинад, ки ба чизе дарафтодаанд. Чун наздиктар мебиёяд, маълум мешавад, ки одам аст, ронанда даррав ба имдодаш мешитобаду ӯро аз чанголи даррандагон мераҳонад. Ин одам коргари муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шекардуғнон Арабшоҳ Ниёзбеков буд, ки роҳ таъмир мекард.
Муддати дарозе дар беморхона табобат гирифта, ба қадре шифо ёфт. Дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон гург кӯдакеро пора –пора кард. Дар Ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон пагоҳӣ модару духтар рӯи ҳавлӣ мебароянду гург ҳардуи онҳоро ба ҳалокат мерасонад.
Дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон гург ба кампире дар ҳавлиаш ҳамла овард, танҳо тасодуф ӯро аз марг раҳонид. Танҳо аз ноҳияи Шуғнон чанд мисолро овардам. Дар 2-3 соли охир чунин ҳодисаҳои мудҳиш дар Бадахшон зиёд рух додаанд. Соли гузашта дар деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшон гург занеро низ дар ҳавлиаш ба ҳалокат расонид.
“Меҳмони нохонда” дар хона
Дар ноҳияи Ишкошим бошад, вазъият вазнинтар аст. Дар деҳаи Навобод рӯзона гург ба хонаи Саидюсуф Маҳмадюнуов даромадааст.
Хушбахтона, соҳиби хона дар хонааш будаасту бо имдоди завҷааш «меҳмони нохонда»-ро аз хона пеш кардаанд. Дар деҳаи Зимудг низ гург рӯзона вориди хонаи Аззатшоҳ Шамшеров мегардад. Дар ин ҷо низ Аззатшоҳ ҳамроҳи фарзандонаш гургро аз хона меронанд. Кор то дараҷае расидааст, ки одамон бо гург рӯзона низ дар деҳа дучор меоянд.
Аз садри Ҷамъияти шикорчиёни вилоят Шодиҷон Солеҳҷонов суол кардам, ки то оғози ин ҳодисаҳои мудҳиш, яъне ҳуҷуми гург ба инсонҳо, ҳатто калонсолҳо низ аз волидайнашон нашунидаанд, ки дар Бадахшон гург инсонро ба ҳалокат расонидааст.
“Имрӯз гургҳое, ки ба одамон ҳамла мекунанд, ҷойдорӣ нестанд”, — мегӯяд Шодиҷон Солеҳҷонов. “Аз куҷо омадаанд, ё касе онҳоро ба Бадахшон овардааст?”, -суол кардам аз ӯ.
Дар посух номбурда чунин гуфт: -Ҳеҷ кас онҳоро ба Бадахшон наовардааст. Ин даррандагони даҳшатнок рӯдхонаи Панҷро убур карда, аз Бадахшони Афғонистон вориди Бадахшони Тоҷикистон шудаанд. Чандтои онҳоро ҳангоми убур кардани рӯдхона худам паррондам. Инҳо аз гургҳои ҷойдорӣ тамоман фарқ мекунанд. Гургҳои ҷойдорӣ танҳо дар вақти чаллаи зимистон то 5-6 сарӣ ва балки камтар ҳамроҳ, дар дигар фаслҳои сол танҳо мегарданд. Гургҳое, ки аз Афғонистон омадаанд ҳамаи фасли сол то 20-25 сар якҷоянд ва ба одамон хеле хатарноканд.
Гургҳои ҷойдорӣ нури чароғро бинанд, даррав рост ба тарафаш ҳаракат мекунанд. Зимистони соли сипарӣ мо ба хотири аз гург эмин доштани мардум ва чорвои онҳо корҳои зиёдеро ба сомон расидааст.
“Сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ ба мо якчанд адад тири камонҳои шикориро дода буд. 26 гургро дар деҳаҳои Барвози ноҳияи Роштқалъа, Поршнев ва Вибисти ноҳияи Шуғнон, 2 сарро дар маркази шаҳри Хоруғ ва як сарро дар маркази ноҳияи Роштқалъа паррондем. 350 нафар аъзои ҷамъият дорем, ки 110 нафарашон камонҳои шикорӣ доранд. Нозирони минтақавӣ низ ба мо имдод мерасонанд. Гурӯҳи зудамали милитсия ҳамеша ҳамроҳи мо аст. Аз гӯшаю канори вилоят аллакай хабари ҳуҷуми галлаи гургон ба чорво мерасанд. Ҳоло дар Ҷамоати деҳоти Дарморахти ноҳияи Шуғнон 20 сар бузу гусчанд тӯъмаи гург шуд. Ба унвони Ҷамъияти шикорчиёну моҳигирон аз дигар гӯшаю канори вилоят низ чунин хабарҳо дохил шуда истодаанд. То кадом дараҷае, ки имкон дорем, намегузорем, ки ба инсонҳо ва чорвоёнашон зараре расад”- мегӯяд Шодиҷон Солеҳҷонов.
Лутфишоҳи ДОДО, махсус барои “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ