Тоҷи рахшони каён

ЗАЙНУРА НИҲОЛОВА 3 августи соли 2004 дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст. Ҳоло дар МТМУ №25 ба номи Гулзорхон Раҳмонқулов таҳсил мекунад.

Дар чандин озмунҳо, бавижа дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ширкат варзида, сазовори баҳои баланд гардид.

Аввалин намунаҳои чакидаҳои хомааш дар нашрияи вилоятии «Бадахшон» ва ҳафтавори «Маърифати Шуғнон» интишор ёфтааст.

ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МАН

Пешвои миллати ман,

Бобои боғайрати ман.

Ҳомии сулҳу амонӣ –

Ифтихори давлати ман.

Бахт додӣ тоҷиконро,

Насли пирӯзи замонро.

Бар сараш бинҳода аз нав

Тоҷи рахшони каёнро.

Бо шумо мо сарбаландем,

Бовиқору бегазандем.

Шукр, мо оромӣ дорем,

Дуртар аз чуну чандем.

Бош, болои сари мо,

Пешвои бовари мо.

То абад мо бо шумоем,

Раҳнамою сарвари мо!

ТОҶИКИСТОН, МЕҲРИ ТУ ДАР ХУНИ МОСТ!

Тоҷикистон махзани оби шифост,

Хоки он шодобтар аз чашмаҳост.

Оби гарму обаки Шоҳамбарӣ –

Гармчашма бар тану ҷонҳо давост.

Аз Бибифотима гар созӣ гузар,

Нек донӣ хоки покон дар куҷост.

Гар ба Ҷелондеҳу Шашдеба равӣ,

Гармии он чашмаҳо ҳам бебаҳост.

Меҳри кишвар дар замири қалби ӯст,

Тоҷикистон, меҳри ту дар хуни мост!

ДЕҲҚОН ШУДЕМ

Омад баҳори гулфишон,

Наврӯзи олам ҳамраҳаш.

Меҳру саховат ҳампаяш,

Хуш бод, ин солу маҳаш.

Аз омадаш шодон шудем,

Чун мурғҳо хушхон шудем.

Ҳар кас ниҳоле сабз кард,

Наврӯз шуд, деҳқон шудем.

Хушнуду хандон халқи мо,

Шеъру ғазалхон халқи мо.

Шукри баҳорон вирди лаб,

Хушкору хушхон халқи мо.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *