Ҳамсари Президент ба Соли нав омодагӣ мегирад
Дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет аксҳо аз тадорукоти солинавии хонаводаи Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон мунташир шудааст.
Аз ҷумла, дар аксе дида мешавад, ки Зироатхон Мирзиёева, ҳамсари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон арчаи солинавиро ороиш медиҳад.
Зимнан, хонаводаи Шавкат Мирзиёев талош мекунад ба сокинони Ӯзбекистон нишон диҳад, ки як зиндагии маъмулӣ доранд ва Президенту оилааш худ корҳои рӯзгорро анҷом медиҳанд.
Масалан, рӯзи 4 июни соли ҷорӣ, рӯзи арафи Иди Рамазон акси раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба ҳангоми омода кардани оши палав мунташир гардид.
Саида Мирзиёева, духтари президенти Ӯзбекистон акси падараш ба ҳангоми пухтани палавро дар саҳифаи худ дар Фейсбук ҷой дода ва навишта буд, ки падараш ба ҳангоми фориғ шудан аз корҳои давлатӣ дар хона оши палав мепазад.
Саида Мирзиёева навишта буд: “Баъзан барои дастурхонаи оилавии мо падарам ош мепазанд. Мо бошем ёрӣ мерасонем. Иди Рамазон муборак!”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ