Табрикоти солинавии Президентҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон

Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар як суҳбати телефонӣ мардуми ҳарду кишварро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод гуфтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин суҳбат рӯзи 30 декабр баргузор шудааст.

Тибқи хабари ин манбаъ, дар ин рӯз суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбой Ҷеенбеков, Президенти Қирғизистон низ анҷом шудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни муборакбодии ҳамтои қирғизи худ бо фарорасии Соли нави мелодӣ хостори тавсеъаи равобити Тоҷикистону Қирғизистон шудааст.

Вай таъкид намудаастс: “Минбаъд низ равона намудани кӯшишҳои зарурӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои неки  ҳамсоядории тоҷикону қирғизҳо бо иқдоми нави амалӣ мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати ду халқи бародар аз мақсадҳои кишвар ҳисоб меёбад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *