Ҳабибҷон Баҳриддинов: Рӯзе мешавад, ки стендапи тоҷикӣ машҳур мегардад
Ҳамсуҳбати мо Ҳабибҷон Баҳриддинов аст, ки худро ҳамчун ҳаҷвнигор, сенарист, шоир ва нависанда муаррифӣ мекунад. Ӯ сарнавишти аҷиб дорад. Сараввал Коллеҷи муҳандисиро хатм намуда, як сол ҳамчун муҳосиб кор кардааст. Пасон, ба Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, онро хатм кардааст. Пас аз соҳибдиплом шудан дар донишгоҳи мазкур як муддат ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст. Ҳамзамон, замони донишҷӯӣ аъзои дастаи КВН-и донишгоҳ буд ва аз соли 2017, яъне, баъди гузаштан аз кастинги лоиҳаи маъруфи “Территория юмора” ба соҳаи ҳаҷв майли зиёд карда, ҳоло ҳамчун ҳаҷвнигор, аниқтараш стендапер миёни мардум маҳбубият дорад.
Ҳабибҷон Баҳриддинов аз ҷумлаи стендаперони фаъоли тоҷик аст, ки бо барномаҳои консертиаш толорҳоро пур аз одам мекунад. Инчунин, мардум ҳаҷви ӯро хуб қабул кардаанд, зеро аксари мавзуъҳояш иҷтимоиянд ва мухотабон худ ё нафари шиносашонро дар симои онҳо меёбанд.
Суҳбати имрӯзаи мо бо Ҳабибҷон оид ба ҳаҷв, стендап, баргузории стендап-консертҳо, аудиторияи стендап, ҳадафи ҳаҷвнигор ва ғайраҳо доир гардид, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон мегардонем.
— Консерти охиратон дар шаҳри Хуҷанд чӣ гуна гузашт?
— Чун зиёда аз як сол шуда буд, ки дар шаҳри Хуҷанд консерт намонда будем, бисёр ҳаяҷон доштем, ки мардум онро чӣ гуна қабул мекунанд. Дар натиҷа, заҳматҳои зиёди мо самараи хуб доданд ва консертамон дар сатҳи олӣ гузашт. Касоне, ки дар он ҷо буданд, шоҳид шуданд, ки чӣ гуна қарсакҳои самимӣ садо доданд ва дар умум табъи мардум хуш шуд.
— Одатан, аҳли эҷод консерти аввалини худро «Салом» мемонанд. Чаро акнун шумо номи консертатонро «Салом» мондед?
— Ин чанд сабаб дорад. Якум, пас аз вақти зиёд ба шаҳри Хуҷанд бо салом рафтем. Дуюм, ният дорем бо ин ном дар дигар шаҳру навоҳии кишвар ҳам консерт монем. Сеюм, бисёр ҳаҷви хуб доир ба салом навиштем, ки таъсиррасон буд.
— Ин консерт аз консертҳои қаблӣ чӣ фарқ дошт?
— Фарқ дар он буд, ки болои ин лоиҳа аз моҳи март инҷониб кор намуда, нахустин барномаро аз Хуҷанд оғоз кардем. Яъне, нақша дорем бо ин сенария маҷмӯи консертҳоро ташкил намоем. Дар ин консерт доираи мавзуъҳо гуногунанд ва ҳама метавонад самти даркории худро пайдо кунад.
— Яъне, зиёда аз шаш моҳ омодагӣ дидед, дар паҳлӯятон кӣ ё киҳо буданд?
— Дар ин консерт дӯстони зиёдам ҳастанд, ки саҳм доранд. Умид Абдуллоев, Шерзод Рӯзиев, Фарзома Фархундафар, Фаррух Сангинов, Олим Алимқулов аз ҷумлаи онҳое буданд, ки хизматашон расидааст.
— Рӯзи консерт “баннер”-ро дар Инстаграм “сториз” карда, навиштед, ки «Мама я на баннерах». Чаро чунин навиштед?
— Аз як ҷониб шӯхӣ, аммо аз тарафи дигар барои мо ин расидан ба орзуи дерина буд. Чанд сол пеш ба модар мегуфтем, ки рӯзе мешавад, мо дар экранҳо пайдо мешавем ва чун ҳоло чунин аст, хурсандиамонро бо обуначиёну ҳаводоронамон тақсим кардем.
— Дар стендап, махсусан дар консерт “импровизатсия” мешавад?
— Бале, чунин ҳолатҳо зиёданд. Агар шӯхӣ аз ҷониби тамошобинон қабул нашавад, дар чунин ҳолати ногувор бояд чизе гуфт, ки мардум бихандад. Ва агар шӯхӣ хуб қабул шавад ҳам, бояд ист накард ва хандаро давомдор намуд, ки ҳатман калима ё ҷумлае аз сенария зиёдатӣ мебарояд.
— Матни стендапҳоро танҳо худатон менависед ё касе ба шумо ёрӣ мерасонад?
— Пештар зиёдтар худам менавиштам, вале ҳоло, ки мо барномаи пурраи консертӣ ташкил мекунем, қувваи худам намерасад ва он нафароне, ки дар боло номашон зикр шуданд ҳамчун муаллиф саҳм доранд, махсусан Шерзод Рӯзиев.
— Дар кишвари мо аз ҳисоби стендап зиндагӣ кардан имкон дорад?
— Ба фикри ман аз ҳисоби дилхоҳ касб зиндагӣ кардан мумкин мешавад, ба шарте, ки аз таҳти дил кӯшишу меҳнати ҳалол кунем. Масалан, дар аввали ин роҳ ман фоидаи моддӣ намеёфтам ва аз ҳисоби муаллимӣ аробаи зиндагиро пеш мебарем. Ҳоло бошад, ҳаҷв ба ман фоидаи моддӣ меорад ва ҳамааш хуб аст.
— Чаро эҷодиётатонро, ки ба тамоми манотиқи кишвар пешниҳод мекунед, махсус бо лаҳҷаи шимол мегӯед?
— Бояд дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ҳаҷви созанда бошад. Дуруст аст, ки дар аввал шӯхиҳои мо бо лаҳҷаи шимол буд, вале ҳоло забони гуфторамон хеле тоза шуда истодааст ва боз ҳам кӯшиш мекунем.
— Мавзӯи ҳаҷвро чӣ гуна пайдо мекунед?
— Ҷустуҷӯ мекунем. Аз ҳодисаҳо, навгонӣ, мушкилот, гапҳои нав ва ғайраҳо. Дар интихоби мавзӯи ҳаҷв муҳим он аст, ки гапи гуфта бояд ба дарди мардум бархӯрад ва шунавандаҳо бо ханда аз камбудиҳою норасоиҳо бохабар шаванд.
— То ҷое медонем, шумо моҳи оянда дар шаҳри Маскав ҳам консертатонро ташкил мекунед. Оё ба ҷуз консерт боз ягон нақшаи дигар ҳам доред?
— Дар аввал барои тоҷикони худамон дар шаҳри Маскав консертро ташкил мекунем. Пасон мебинем, ки чӣ гуна имконият пайдо мешавад?
— Чаро шумо ба забони русӣ баромад намекунед?
— Мо бо забони русӣ хуб суҳбат карда метавонем ва барномаи омода ҳам дорем. Соли гузашта дар як форум 40 дақиқа бо забони русӣ баромад карда будем. Вале дар ҳоли ҳозир мақсади асосиамон стендапро бо забони тоҷикӣ рушд додан аст. Чӣ тавре ки бобоям мегуфтанд: “Одаме, ки хонаи худашро обод намекунад, наметавонад дар дигарҷо худашро ободкор муаррифӣ кунад”.
— Он чизе, ки аз ин жанр мехостед, гирифта тавонистед?
— Айни ҳол пурра гуфта наметавонем, ки он чӣ мехостем аз ин жанр гирифтем, вале хушҳолем, ки имрӯз зиёда аз 100 ҳазор нафар гӯш мекунад, пайгирӣ менамояд.
— Ба андешаи шумо ояндаи стендап дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
— Бисёр хуб аст. Дар Хуҷанд ва Душанбе бачаҳои зиёд ҳастанд, ки дар ин жанр кор карда истодаанд ва умед дорем, ки рӯзе мешаваду номи стендапи тоҷикӣ хеле машҳур мегардад.
— Дар Инстаграм як сериал доред бо номи «Заправкачиҳо», тақдираш чӣ шуд?
— Ба наздикӣ сенарияи мавсими дуюмро ба итмом расонидем ва насиб бошад, нашрашро идома медиҳем.
— Мо медонем, ки шумо як романи нотамом доред. Оё ба итмом расид ва нашр мешавад?
— Бале, роман ба итмом расид, аммо ҳоло болояш кор карда истодаем. Ният дорем то охири сол бо ду забон, тоҷик ва русӣ чоп мекунем.
— Шумо шеърҳои зиёд менависед. Оё нақша надоред, ки онҳоро ҳам дар шакли китоб чоп кунед?
— Худро шоир намеҳисобам, аммо бисёр менависам, ки қаламам рост шавад. Ҳамон вақте ки аз худам розӣ шудам, насиб бошад, шеърҳоро дар шакли маҷмӯа чоп карданӣ ҳастам.
— Ин суҳбатро чӣ гуна ҷамъбаст мекунед?
— Ҳамеша мардум бо лаби пурханда бошанд, тансиҳативу дарозумрӣ насиби падару модаронамон гардад, кӯдаконамон бо дили пуру шиками сер осуда зиндагӣ кунанд.
Мусоҳиб
Сино ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ