“Аз Волга то Ганга…”. Тоҷикистон мизбони конфронси байналмилалӣ

Имрӯз дар Душанбе Конфронси II байналмилалии илмӣ-амалии «Аз Волга то Ганга тавассути Мовароуннаҳр» ба кори худ оғоз кард. Дар ин бора хабарнигори сомонаи Pressa.tj Сумани Убайдулло хабар медиҳад.

Конфронсро муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон ифтитоҳ намуд.

  Барои ширкат дар ин конфронс беш аз 20 нафар мутахассисону коршиносони варзида аз Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, кишварҳои шарики муколама ва номзадҳо ба узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин аз дигар кишварҳои манфиатдори минтақа даъват шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 20-21 октябр Бунёди миллии «Роҳи абрешим-Роҳи муттаҳид» дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии  Хазинаи Горчаков, бахшида ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар фазои Авруосиё дар соҳаҳои гуногун чорабинӣ баргузор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *