Ҳабси домоду арӯс барои тирпарронӣ

Дар пайи тирпарронӣ дар тӯйи домодию арӯсии зодагони Тоҷикистон дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав 10 нафар, бо шумули домоду арӯс, боздошт шуда, Додгоҳи шаҳри Пушкино ахиран се нафари онҳо, аз ҷумла домодро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

7 дастгиршудаи дигар, аз ҷумла арӯс ҳамчун шоҳид мегузаранд. Дар робита ба ин тирпарронӣ, ки рӯзи 10-уми ноябри соли 2023 дар ҷараёни тӯй сурат гирифт, бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз ҷарима то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *