Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Аҷай Банга дар Дубай

3 декабр дар шаҳри Дубай мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ муҳокима карда шудааст.

«Дар ин робита Сарвари давлати мо саҳми Бонкро дар маблағгузорӣ ба тадбирҳои мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирӣ аз онҳо муҳим арзёбӣ намуданд», иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълии ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, , шаҳрсозӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, ба зарурати идомаи татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқ “CASA-1000”, ки бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон бо ҳам мепайвандад, таъкид шудааст.

Ҳоло Бонк дар Тоҷикистон 28 лоиҳаро бо маблағи умумии 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *