Ҳабси модарозор. Оё ба дигарон ибрат мешавад?
Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, дар баробари дигар ҳолатҳои ҷинояткориву ҳуқувайронкунӣ, хушунати оилавӣ ва озори модару дигар яъзои оила низ ба қайд гирифта мешавад.
Кормандони ин ниҳод бо шикояти як модар писари ӯ Шакаров Зиёратшоҳ Файзуллоевичро бо сабаби нӯшидани машруботи спиртӣ ва ба миён овардани муҳити носозгори оилавӣ дастгир намудаанд. Ин шаҳрванд Шакаров Зиёратшоҳ Файзуллоевич буда, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сурхоб мебошад ва 22 сол дорад.
Ӯ маротибаи охирин низ дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо модар ва ҳамсару бародари худ муноқиша намуда, дар баробари бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст намудан, ҳамзамон бо дастчӯби махсуси омодакардаи худ онҳоро таҳдид кардааст.
— Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Шакаров Зиёратшоҳ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз татбиқ карда шуд,- меафзояд манбаъ.
Идибеки САИД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ