Ҷазои “алик-маликбоз”: 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз қатъан огоҳонида шудани як нафар бо айби қиморбозӣ хабар дод.

— Дар натиҷаи пешбурди фаъолияти хизматӣ аз ҷониби кормандони милитсия, шаҳрванд Валиев Фирӯзбек Идибекович, санаи таваллудаш 04.01.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р. Набиев барои машғул шудан ба қиморбозӣ дастгир карда шуд. Гарчанде қаблан нисбати Валиев Фирӯзбек чандин маротиба барои ба қиморбозӣ машғул шудан чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, вале номбурда аз ин амали мардумфиребонаи худ даст накашида, боз дар маконҳои ҷамъшавии одамон ба ин амали ношоям машғул шудааст. Ҳамзамон, ин кирдори зиддиқонунии ӯ боиси норозигии шаҳрвандон гардида, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ дар шабакаҳои интернетӣ низ нашр гардидааст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки мавсуф ин маротиба 12-уми декабри соли ҷорӣ дар назди бозори «Ганҷина» ҳангоми ба қиморбозии ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» машғул гардидан аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ датсрас карда шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Валиев Фирӯзбек протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин карда шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амал машғул нагардидан ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *