Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатӣ дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатӣ баргузор гардид. Дар ин фестивал Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва Александр Бурков, раиси вилояти Омски Федератсияи Россия иштирок доштанд.

Аз Фестивали лимӯ дидан карда, масъулин дар бораи лимӯ ва ҳосили  имсола ба меҳмонон маълумот доданд. Намояндагони вилояти Омск ба сифати маҳсулот ва ҳосили бадастомада баҳои баланд дода, дар хусуси серхаридор будани лимӯ ва ниёз ба чунин маҳсулот дар Федератсияи Россия ҳарф заданд. Онҳо гуфтанд, ки “ин маҳсулоти Тоҷикистон дар кишвари мо дӯстдорону харидорони зиёд дорад. Мо омода ҳастем, ки вобаста ба содироти чунин маҳсулот ба Федератсияи Руссия мусоидат намоем”.

Ҳамчунин, меҳмонон аз намоиши маҳсулоти саноатӣ дидан карда, аз шахсони масъул ва кормандони корхонаҳои саноатӣ дар бораи коркарди маҳсулот, иқтидор, фаъолияти мутахассисон ва имконияти содироти маҳсулот маълумот гирифтанд.

Хадамоти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ташкил ва баргузории Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатиро дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва дар заминаи шартномаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия гуфтааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *