“Ҳафтаи забони русӣ” дар Китобхонаи миллӣ ба охир расид
Ҳафтаи забони русӣ” дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба поён расид. Дар ин бора муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ҳангоми супоридани сипоснома ба мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар додааст.
Бино ба иттилои шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ, Салима Раҷабзода ба иштироккунандагони ин маҳфил изҳори сипос намуда, ба онҳо хониши аъло, тани сиҳат ва сарбаландиву хушрузӣ орзу намудаву изҳори умед кардааст, ки ин ҳамкориҳо оянда низ идома хоҳанд ёфт.
— Дар ин ҷамъомад хонандагону устодони мактаби рақами 1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон намояндагони ВАО ширкат намуданд. Муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ва Нурзода Ҷалолуддин баҳри ширкати фаъолона ба хонандагони ин мактаб бахшида ба рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб, ки ҳар сол 14-уми феврал таҷлил мешавад, 15 адад китоб туҳфа намуданд. Китобҳои туҳфашуда, ки тавассути нашриёти “Адабиёти бачагона” чоп шудаанд, аз китобҳои Сотим Улуғзода — “Ривоят суғдӣ”, Эмомалӣ Раҳмон — “Ватанатонро дӯст доред” ва дигарон иборат буда, бо сифати баланд рӯи нашр омадаанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ