Аз бонкдорӣ то гулпарварӣ. Мусоҳиба бо раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ

Ӯ беш аз 25 сол мешавад, ки дар бонк фаъолият мекунад ва роҳбарии 3 000 нафарро бар зимма дорад. Унвони илмӣ дар риштаи иқтисод дошта, дар омода намудани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ саҳм мегузорад. Чандин сол дар яке аз муассисаҳои олии Тоҷикистон  ба донишҷӯён аз фанни танзим ва назорати асъор дарс ҳам гуфтааст. Ҳамсуҳбати мо Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мебошад.

-Амонатбонк ҳамчун як бонки давлатӣ шинохта шудааст. Аз ин ҷиҳат мардум низ ба он таваҷҷуҳ доранд ва аз хизматрасониҳои он истифода мебаранд. Шумо фаъолияти имрӯзаи бонкро ҳамчун роҳбар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Албатта, фаъолияти бонк муассир аст. Амонатбонк дар соли 2021 ба зиёда аз 23 ҳазор корхонаю ташкилот, зиёда аз 771 ҳазор  нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн амонатгузор тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 3000  корманд дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ намудааст. Ҳоло сармояи бонк  575,5 млн сомонӣ баробар мебошад. Дар муқоиса ба соли 2020 ин нишондод 25,7 % афзоиш ёфт. Фоидаи софи бонк 66,2 млн сомонь ташкил намуда,  нисбат ба соли 2020-ум 29,1% афзуд. Бонк аз рӯйи фаъолияти худ 110 млн сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 13,7 млн сомонӣ ва ё 14,2% зиёд мебошад.

Ҳамзамон, Амонатбонк барои саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ андозсупорандаи беҳтарини соли 2021 интихоб шудааст.

Акс аз сафари корӣ ба Федератссияи Россия

-Соли гузашта шумо бо як ҳайати бонк ба Русия сафар доштед. Ин сафар чӣ натиҷа дод?

-Супориши Роҳбари давлат буд ва аз ин сафар бисёр ҳам қаноатмандем. Русия яке аз шарикони боэътимоди давлати мост. Бинобар ин, бонкҳо низ бояд ҳамкории хуб дошта бошанд. Зеро, медонем, ки шаҳрвандони зиёди мо дар ин давлат кору зиндагӣ доранд.

Аввал ин ки, моро кашф карданд, шинохтанд. Мо бо омодагӣ ба ин давлат сафар доштем ва тамоми имкониятҳои бонкро рӯнамоӣ кардем. Яъне, бонкро муаррифӣ намудем. Ман бонкир ҳастам ва медонам, ки дар натиҷаи бо як бонк ҳамкориро ба роҳ мондан чӣ қадар сегменти бозор аз худ мешавад. Аз ҳамин нигоҳ, диданд, ки мавқеи Амонатбонк мустаҳкам аст ва дарҳол барои ҳамкорӣ ризоият доданд. Вақте баргаштем, дарҳол гуруҳи корӣ таъсис доданд ва аз ҳарду ҷониб тариқи онлайн кор карда истодаанд. Яъне, аллакай ҳамкорӣ оғоз шуд. Қариб тамоми муҳоҷирони тоҷик корти Сбербанки Русияро доранд. Амонатбонк бо Сбербанк пайваст шуда истодааст. Муҳоҷирон имкон доранд дар дилхоҳ ҷой истода, ба телефони наздикону пайвандонашон аз корти худ маблағ интиқол диҳанд. Дар Тоҷикистон бошад, ба дилхоҳ банкомат рафта, маблағро мегиранд. То ин замон ин гуна хизматрасонӣ ё пайвастшавии ду бонк набуд.

-Бисёриҳо аз фоизи пасти пасандоз ва баланд будани фоизи қарз дар бонкҳои кишвар нигаронанд. Ин ҳолат дар Амонатбонк ҳам ҷой дорад?

-Дар Амонатбонк чанд намуди пасандоз мавҷуд аст. Пасандозҳои “Муҳлатнок”, “Ҷамъшаванда”,”Кӯдакона”, “Ҳамватани бурунмарзӣ”, “Нафақавӣ” ва ғайра аз ҳам тафовут доранд. Ин ҳама пасандозҳо вобаста ба имконияти мизоҷ роҳандозӣ шудаанд. Масалан, дар пасандози “Муҳлатнок” мизоҷон имкон доранд, ки пулашонро дар Амонатбонк гузоранду ҳар моҳ фоизи пулро гиранд ва ҳар вақте ки хоҳанд, пули пасандозмондаро бидуни ситонидани ҷарима гиранд. Дар пасандози “Ҷамъшаванда” бошад, мизоҷон имкон доранд пули худро гузоранд ва дар дилхоҳ вақт ба болои он зам кунанд. Яъне, фоиз ба болои он ҷамъ мешавад. Ҳамин тавр, тамоми намуди пасандозҳои Амонатбонк бо шартҳо фарқкунандаанд.

Дар масъалаи қарз ҳам мо иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ намудем. Дар иқдоми “Кишоварз” 18 фоизи солона пешниҳод кардем. Ҳамчунин, иқдоми қарзи таҳсил дар моҳи августу сентябр барои харидории лавозимоти мактабӣ ё пардохти шартномаи таҳсили донишҷӯён роҳандозӣ намудем. Инчунин, қарзи “Истиқлол-30”-ро роҳандозӣ намудем, ки мизоҷон фурсат пайдо намуда, 30 ҳазор сомониро бидуни гарав ва зомин гирифтанд.

-Муносибат бо мизоҷ дар бонк бисёр муҳим ва шарти асосии пешрафти ҳар бонк низ ҳаст. То куҷо таваҷҷуҳи шумо ба ин самт равона шудааст?

-Мо стратегияи бонкро қабул кардаем. Яке аз самтҳо ин муносибати хуб бо мизоҷ аст. Чунки дар ҳама гуна фаъолият натиҷабахшӣ аз муносибати хуб сар мешавад. Мо ҳам стратегияи 5-сола ва ҳам кӯтоҳмуддат дорем. Стратегияи кӯтоҳмуддате, ки ҳар сол қабул мекунем, самтҳои афзалиятноки бонкро фаро мегирад. Яъне, мақсад мегузорем, ки ба чӣ диққат диҳем. Масалан, шахсан ман ҳар сол ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, бо 3 000 корманди Амонатбонк вомехӯрам. Дар баробари кормандони бонк, мардум низ иштирок менамоянд. Мушкилот ва пешниҳодҳои онҳоро мешунавем. Яъне, чӣ кор кунем, ки дар рақобатпазирӣ тобовар бошем ва сиёсати Роҳбари давлатро дар низоми бонкӣ амалӣ намоем. Ҷаҳони иқтисод, бонкҳо чӣ талабот доранд, мавриди таҳлил қарор медиҳем. Яке аз бахшҳои старегияи мо муносибат бо мизоҷ аст ва он шарти пешрафти ҳар бонк низ мебошад.

Мо қариб 300 филиали бонкро дар шафати роҳҳо баровардем. Дар дохили деҳа, ҷамоатҳо буданд, ба чашми мардум намудор набуданд. Яъне, дар ҷойҳои сераҳолӣ биноҳоро ба иҷора гирифтем. Хароҷоти солонаи иҷораи мо қариб ба 4 миллион сомонӣ расидааст. Ҳол он ки, аз ҷоий бепул баромада, ба ҷойи хароҷот рафтем. Барои чӣ? Ба он хотир, ки бо мардум наздик бошем ва маҳсулоти бонкро ба мардум расонем.

Усмон Раҳимзода ҳангоми мусоҳиба бо Сироҷиддин Икромӣ

-Имрӯз рақобат дар низоми бонк хеле пурзӯр аст. Дар баробари Амонатбонк боз чандин бонкҳои дигар дар кишвар фаъолият доранд. Бисёриҳо мехоҳанд, ки пештоз бошанд ва бештар мизоҷонро ҷалб намоянд. Ғайр аз он, ки Амонатбонк давлатист, боз бартарии дигари онро аз дигар бонкҳои кишвар дар чӣ мебинед?

-Воқеан ҳам, Амонатбонк бонки давлатӣ аст. Пеш аз ҳама, мардум, ки ба давлат эътимод доранд, ба Амонатбонк ҳам чунин аст. Бартарии дигари Амонатбонк дар дастрасӣ аст. Дар ҷойҳое, ки ҳатто зичии аҳолӣ камтар аст, Амонатбонк дастрас мебошад. Зеро, мо ҳамзамон сиёсати иҷтимоии давлатро бар зимма дорем. Нафақа, музди меҳнат медиҳем, андоз ҷамъоварӣ мекунем ва маблағҳои коммуналиро ҷамъ меорем. Ҳарчанд баъзе марказҳои хизматрасонии зараровар ҳам бошад, ба хотири сиёсати иҷтимоии давлат он ҷо ҳузур дорем.

-Оё Амонатбонк дар рақобат тобовар аст?

-Рақобат чист? Фоиз пасттар, муҳлати қарз дарозтар, эътимоду кафолат ҳатман бошад. Дар бонк мафҳуми меъёри кифоятӣ мавҷуд аст ва 10 фоизи меъёр бояд дороии худи бонк бошад. Боқимонда метавонад маблағҳои бегона бошад. Вақте ки агар як мизоҷ ба бонк муроҷиат карду ба мушкил рӯ ба рӯ шуд ва пасандозашро гирифта натавонист, дарҳол хабари он паҳн мешавад. Инро хавфи нуфузу эътибор мегӯянд. Ба истилоҳ “репутационный риск” меноманд. Ба ин чизҳо дода шудан лозим нест. Мо ҳамеша омода ҳастем хароҷотро эътироф намоем ва бо талаби аввали амонатгузор маблағашро баргардонем. Ягон мушкил нест. Ҳатто, муҳлат ҳам ба охир нарасад, мо имкони баргардонидани маблағи пасандозгузорро дорем. Фақат аз рӯйи шартҳое амал мекунем, ки дар шартномаи тарафайн зикр ёфтаанд.

-Айни замон фоизи қарз дар Амонатбонк чанд аст?

-Ҳоло иқдомҳои 18-фоизӣ ва ипотекӣ дар Амонатбонк идома доранд. Бо доллар 10 фоиз қарз пешниҳод менамоем.

-Ин фоиз дар муқоиса бо бонкҳои дигар чӣ гуна аст?

-Каме пасттар аст.

-Имрӯз бо тақозои рушди низоми бонкӣ ва талаботи мардум “Интернет-бонкинг”, “Бонк-мобайл” ва дигар шаклҳои хизматрасонӣ рушд ёфта истодаанд. Дар ин росто, Амонатбонк чӣ ҷойгоҳ  дорад?

-Мо дар қадами аввал қарор дорем. Ҳамеша байни мардум ҳастем. Талош дорем, ки дар ин самт маърифати молиявии аҳолиро боло барем. Бартарафсозии тамбашавӣ дар назди хазинаҳо ё худи пулро бо даст нақапидан ва баъдан шаффофиятро таъмин менамоем. Бисёр иқдоми хуб аст, вақте ки одамон ба ғайринақдӣ мегузаранд, маблағҳоро дар ҷайб не, дар корт нигоҳ медоранд. Агар корт гум шавад, маблағ гум намешавад. Вақте ки ҳамён гум шуд, маблағ ҳам гум мешавад.

-Чанде пеш Амонатбонк ҳамкориро бо бонкҳои Ӯзбекистон ба роҳ монда буд ва гуфта мешуд, ки соҳибкорон имкон доранд бо фоизи паст қарз гиранд. Ин ҳамкории шумо чӣ самара овард?

-Бале. Мо бо бонкҳои Ӯзбекистон 43 миллион доллар шартномаи ҳамкорӣ дорем. Азбаски бонки давлатӣ ҳастанд, дар комиссияҳои байниҳукуматӣ ҳам онҳо вобаста шудаанд. Мо ҳисоби муросилотӣ дорем ва ҳам меъёри гирифтани қарз. Бо як мактуби мо бе ягон омӯзиши иловагӣ маблағи қарзро медиҳанд. Чунки онҷо кафил мо ҳастем. То ҳол мо ба қарзи Ӯзбекистон ягон мушкил эҷод накардаем. Баъзан шаҳрвандони мо дар пардохти қарз ягон мушкил пеш меоранд, вале мо аз ҳисоби худ қарзро пардохт намудем, то ин ки муносибатҳо нигоҳ дошта шаванд. Аз 43 миллион доллар 11 миллионашро ба шаҳрвандони кишвар ҳамчун қарз додем.

-Киҳо гирифтанд?

-27 нафар соҳибкорони ватанӣ. Онҳое, ки бо ширкатҳои Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ дар мавриди воридоти маҳсулот доранд. Яъне, танҳо аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Пулро нақд намегиранд. Мо мактубро медиҳем, онҳо фақат борро мегиранд.

-Умуман, Амонатбонк соли гузашта ба кадом самтҳо қарз додааст?

-Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 72 ҳазор муштарӣ 1,4 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба соли 2020 шумораи қарзгирон 44% ва ҳаҷми қарздиҳӣ 34% зиёд гардид. Қарзҳои додашудаи бонк ба соҳаҳои саноат 21,6%, кишоварзӣ 11,4%, истеъмолӣ 31,9%, сохтмон 10,3%, тиҷорат 17,5% нақлиёт 3,7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 3,6% рост меояд.

— Аз рӯйи раддабандӣ кадом минтақаҳои кишвар бештар аз Амонатбонк қарз гирифтаанд?

— Ба ҷойи якум шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ рост меоянд. Зеро, ин ҷо зичии аҳолӣ бештар аст. Ҳамчунин, табақаҳои фаъоли ҷамъият ин ҷо ҳастанд, ки ба соҳибкорӣ ва ё дигар намуди фаъолият машғуланд. Дар ҷойи дуюм вилояти Суғд меистад. Баъдан, Хатлон ва минтақаҳои дигар.

-Аз фаъолияти сусти банкоматҳои Амонатбонк, ки баъзан пул надоранд, мардум шикоят мекунанд. Чаро ин мушкилӣ ҷой дорад? Магар ин шуморо ҳамчун роҳбари ин бонк нороҳат намекунад?

-Дар ин масъала ҳам мо бо мардум кор карда истодаем. Имрӯз шумораи банкоматҳо барои мизоҷон кифоя аст. Умуман, журналистон мушоҳидакор мешаванд. Як маротиба бинед, рӯзҳое, ки нафақа мегузарад, ё маош, ҳамагӣ 5-6 рӯз дар назди банкоматҳо анбуҳи зиёди одамонро мебинед. 25 рӯзи дигар дар назди банкоматҳо одам нест. Яъне, имрӯз мардуми мо бояд ба ҳисобкунии ғайринақдӣ гузаранд. Бигзор ба воситаи “Амонат-мобайл” ё  рамзи бонк харидорӣ кунанд. Инчунин, бояд мардум марҳила бар марҳила пулро аз банкомат гиранд. Як банкомат қариб 18 ҳазор доллар ғунҷоиш дорад. Дар банкомат пулро нигоҳ доштан хавф аст. Аз ҷониби дигар, пул бояд пул кор кунад. Бекор истодани пул бар зарари иқтисодиёт аст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 354 банкомат дорем. Танҳо дар соли 2021-ум 70 банкомати иловагӣ харидорӣ намудем. Вале боз ҳам мебинем, ки мардум дар рӯзҳои аввали моҳ назди банкоматҳо пур мешаванд. Вақте ки пул тамом шуд, баъд ҳар гуна эътирозҳо пайдо мешаванд. Вале мизоҷ ҳамеша ҳақ аст. Мо ҳар як нози мизоҷро мебардорем. Ба шарте, ки сабабҳои объективӣ дошта бошад. Агар сабабҳои субъективӣ дошта бошад, кормандро танбеҳ медиҳем, ё аз кор озод мекунем ва ё пайи ислоҳ мешавем. Агар мо аз проблема мегурехтем, маркази тамос ташкил намекардем. Дар шабакаи “Телеграмм” бевосита ҳар рӯз смс-паёмак қабул мекунам.

-Бевосита посух мегӯед?

-Албатта. Дар телефони мобилиам “Телеграмм” пайваст аст. Murojiat_bonk — ин суроға дар “Телеграмм” аст, ки пайваста худам ба мизоҷон ҷавоб медиҳам. Ин эътимоди мардумро нисбат ба бонк бештар мекунад.

Ҳар рӯзи шанбе муроҷиаткунандагонро шахсан худам қабул мекунам. Дар тамоми филиалҳои бонк Murojiat_bonk насб карда шудааст. Дар ин гуруҳ ман нисбат ба кормандони худ низ маълумот гирифта метавонам. Меомӯзем. Шояд баъзан аз рӯи ғараз ҳам нависанд.

-Мушкилие, ки имрӯз дар назди шумо ҳамчун роҳбар истодааст ва ҳал кардан мехоҳед, чист?

-Боло бурдани маърифати молиявии мардум. Зимнан, проблемаҳо дар худи кормандони мо. Дар баъзе ҳолатҳо зиёдаравӣ мекунанд, муносибати дағал мекунанд. То як андозае муваффақ ҳам шудем. Дар ҳар семоҳаи маҷлис садо аз рақами 1885 дар толор мешунавонем. Яъне, он шикоят аст. 75 мудири филиал ҷамъ мешаванд, то донанд, ки нисбати кормадони бонк мардум чӣ мегӯянд. Яъне, ба як кас гуфтем, то дигарон ҳам огоҳ шаванд. Дар марказҳои хизматрасонии бонк маъмул шудааст, ки ҳама мегӯянд муносибатро хуб кардан лозим аст, то 1885 нарасонад. Ин рақам чашму гӯши мост. Мардум бо мо бояд ҳамкорӣ кунанд, моро дуруст фаҳманд. Агар ягон тақаллуб нисбат ба корманди Амонатбонк бошад, ҳатман ба мо расонанд. Инро мо бартараф мекунем. Мо хизматгори мардум ҳастем. Зеро, бонк хизматрасонии умум аст. Мардум интихоб доранд. Мисли тарабхона ё нуқтаи сӯзишворӣ. Агар бензин ифлос барояд,  нарх баланд бошад, ё литри бензин кам, ронанда аллакай онро эҳсос мекунад ва дигар ба он ҷо намеравад. Дар  тарабхона хӯрок бемазза бошад, мизоҷ дигар онро интихоб намекунад. Ба тарабхонаи дигар меравад. Бонк ҳам чунин хизматрасонӣ аст. Мо талош дорем, ки ҳамин гуна камбудиҳоро бартараф намоем.

-Шумо ба илм ҳам рағбат доред. Чӣ унвони илмӣ доред?

-Солҳои 1997-1999 дар Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ дар назди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ шуда кор мекардам. Ҳамон замон дар мавзӯи амнияти озуқаворӣ мавзуъ интихоб карда, рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ кардам. Ҳоло дорои  унвони номзади илмҳои иқтисодӣ мебошам.

-Дар муассисаҳои олӣ ҳам ба донишҷӯён таълим медиҳед?

-Чанд сол пеш дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз фанни танзим ва назорати асъор ба донишҷӯён лексия мехондам. Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия раиси комиссияи давлатии имтиҳонот  будам. Замони фаъолият дар Бонки миллӣ бо муаасисаҳои олӣ ҳамкорӣ доштам. Айни замон бинобар зиёд будани ҳаҷми кор имкони ҳамкорӣ бо таълимгоҳҳои олии кишварро надорам.

-Интихоби кадр дар Амонатбонк аз рӯи кадом принсип сурат мегирад: маҳал, лаёқат, дониш, таҷриба ё чизи дигар?

-Бештар ба бонувон таваҷҷуҳ медиҳем. Зеро онҳо ҳангоми қабули кор аллакай 3 хол доранд. Зеро, дар ин самт супориши Роҳбари давлат аст. Баъдан, тамоми кормандони мо тавассути озмун ба кор қабул карда мешаванд.

-Критерияи қабул чӣ гуна аст?

-Албатта, дониш. Замина муҳим аст. Дигар тамоми шароити такмили ихтисос ва омӯзиш дар бонк фароҳам аст. Яъне, дар бонк назария ба амалия омехта мегардад. Дар  бонк идораи метедология ва бозомӯзии кормандон амал мекунад, ки дар такмили дониши мутахассисони соҳа устодони он нақши муҳим доранд. 

-Хонандагон мехоҳанд дар бораи оила ва фарзандони шумо маълумот гиранд. Онҳо дар бонк фаъолият доранд?

-Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошам. Ду писару 4 духтар дорам. Се духтарам ба шавҳар баромадаанд. Яке иқтисодчӣ, дигаре духтур, сеюми қаннод. Писарам донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва дар риштаи иқтисоди рақамӣ мехонад. Писари дигарам синфи 9-ум ва духтарчаи хурдӣ синфи 3-юм  мехонанд.

-Ҳар касро завқе дар дил аст. Яке асптозӣ, дигаре мурғпарварӣ ва сеюмӣ шиноварӣ мекунад.  Шумо дар вақти холигӣ ба чӣ кор машғул мешавед?

-Вақти худро холӣ намегузаронам. Асосан ба хондани  китобҳои соҳаи иқтисод ва бонкдорӣ вақт сарф мекунам. Инчунин, ба гулпарварӣ машғул мешавам.

Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.