Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара гуфтушунид доранд

Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки айни замон дар шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад.

Ҳайати Тоҷикистонро фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳайати Қирғизистонро раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд.

Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни мулоқот изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар марз аст. Мардуми наздисарҳадӣ бояд бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ва ҳамзистии осоишта кору зиндагӣ намуда, минбаъд пеши роҳи чунин даргириҳо гирифта шавад.

Дар музокирот роҳбари мақомоти амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор дошт, ки низоъ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал карда мешавад. Ӯ низ таъкид кард, ки пос доштани одоби ҳамсоядорӣ муҳим ва бояд мардуми наздимарзӣ дар фазои орому осуда зиндагӣ кунанд.

Мулоқоту музокироти ҷонибҳо барои таъмини сулҳу субот дар минтақа идома дорад. Дар мулоқот раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва дигар шахсони расмӣ низ ҳузур доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *