Варзишгари сол: Эътирофу эътимоди мардум боиси ифтихори ман аст

Рӯзи гузашта меҳмони Pressa.tj дорандаи 4 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ, билохира медали тиллои чемпионати ҷаҳон оид ба самбо ва ғолиб дар номинатсияи “Варзишгари сол”-и “Рейтинг — 2021” Акмалиддин Каримов шуд.

Дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj ба Акмалиддин Каримов барои ғолибият дар “Рейтинг – 2021” диплом ва туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

“Чуноне ки пас аз ҳар мусибиқа мухлисони варзиш табрику таҳнияти зиёд мекунанд, аз сазовор донистан ва гирифтани унвони варзишгари сол, ки аз ҷониби ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj роҳандозӣ шудааст, бароям арзиши зиёд дорад ва ин эътирофу эътимоди мардум боиси ифтихори ман аст”, — иброз дошт Акмалиддин Каримов.

Акмалиддин Каримов дар идораи нашрияи «Тоҷикистон” аз китобхонӣ, роҳҳои осон ва зуд расидан ба орзуҳои калон, ноҳаққиҳои доварон, ба даст овардани медали тиллои чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, боварӣ ба худ, ноумед нашудан ва нақшаҳои ояндааш гуфт. Рӯзҳои наздик дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва ютубканали Pressa.tj нашр мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар бахши “Варзишгари сол”-и “Рейтинг – 2021”Акмалиддин Каримов соҳиби 2708 овоз, Комроншоҳи Устопириён — 2606 овоз, Фаридун Одилов соҳиби 1117 овоз гардида, Акмалиддин Каримов ғолиб дониста шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *