Ҳайати Тоҷикистон бо системаи иммунизатсионии Туркия шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон барои омӯзиши системаи иммнунизатсионии Туркия ба шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия сафар анҷом додааст.
Бино ба иттилои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ба ҳайати боздиди омӯзишӣ бо маблағгузории ИА ташкилшуда намояндаҳои Ҳукумати Тоҷикистон, директори генералӣ ва мутахассисони техникии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика», сардорони раёсатҳои тандурустии вилоят ва муассисаҳои тиббии ноҳиявӣ ворид шудаанд.
Ҳайати Тоҷикистон бо ҳамкорони туркиашон мулоқот барпо намуда, аз анборҳои нигоҳдории ваксинаҳо дидан карда, дар бораи пайгирӣ намудани ваксинаҳо бо истифода аз технологияҳои рақамӣ маълумот пайдо карда ва пешниҳод намудани хизматрасониҳои иммунизатсиониро дар сатҳи муассисаи тиббии Туркия мушоҳида намудаанд.
— Иммунизатсия ҳар сол ҳаёти миллионҳо одамонро наҷот медиҳад. Дар рафти боздиди омӯзишӣ ҳайати Тоҷикистон оид ба таҳкими минбаъдаи системаи иммунизатсия дар Тоҷикистон мутобиқи Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Барномаи миллии иммунопрофилактика барои солҳои 2021-2025 маълумот ва тавсияҳои муҳим гирифт,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки сафари омӯзишӣ аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи чорсолае, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои таҳкими системаи иммунизатсия ва рақамисозии системаи тандурустии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, ташкил карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, лоиҳа як қисми барнома бо маблағи умумии 10 миллион евро мебошад, ки дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои коҳиш додани таъсири пандемияи COVID-19 ва таҳкими устувории дарозмуддати системаи тандурустӣ тавассути устуворкунии барномаҳои миллии иммунопрофилактика ва системаҳои идоракунии иттилооти тандурустӣ татбиқ шуда истодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ