Роналду ва Брозович ба майдон набаромаданду “Ал-Наср” шикаст хӯрд

Дар бозии даври аввали чемпионати Арабистони Саудӣ дастаи “Ал-Иттифоқ” ва “Ал-Наср” рақобат карданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи ба номи шоҳ Муҳаммад бин Фаҳда дар шаҳри Даммам баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди мизбонон анҷом ёфт.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ҳайати дастаи “Ал-Наср” пас аз қаҳрамонӣ дар Ҷоми қаҳрамонҳои араб Роналду ва Брозович ба майдон набаромаданд. Дастпарварони Стивен Ҷеррард дар ин бозии муҳим ва ҳассос ғолиб омада, соҳиби 3 имтиёз гардиданд.

Ягона голи дастаи “Ал-Наср”-ро ҳамлагари сенегалӣ Садио Мане ба самар расонид. Ин аввалин голи Мане дар ҳайати тими “Ал-Наср” маҳсуб мешавад. Аз ҳайати “Ал-Иттифоқ” Робин Куайсон ва Муссо Дембеле ба задани гол мушарраф гардиданд.

Ҳамчунин, дар даври аввали чемпионати Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Иттиҳод”, “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Аҳли”, ки дар ҳайаташон бозигарони бомаҳорати аврупоиро гирд овардаанд, пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар даври оянда дастаи “Ал-Наср” рӯзи 18-уми август бо “Ал-Таавун” бозӣ мекунад. “Ал-Иттифоқ” дар ҳамин рӯз бо “Ал-Хазм” вориди рақобат мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *