Ҳайати Туркманистон дар Тоҷикистон     

Ҳайати Туркманистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Девони вазирон  Тангригули Атахаллиев барои иштирок дар  ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 Ёдовар мешавем, ки санахои 27-28 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ баргузор мегардад.

Зарурати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, ки моҳи сентябри соли равон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода буданд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *