Аз 300 то 100. Чиптаҳои бозии “Ал-наср”-у “Истиқлол” ба фурӯш баромад

Арзишмандтарин чипатаҳои футбол дар Тоҷикистон ба фурӯш баромад.

Сар аз 25- уми ноябр чиптаҳои бозии дастаҳои «Истиқлол » ва «Ал-Наср» дар назди даромадгоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба фурӯш баромад.

Нархномаи ин чиптаҳо дар се категория пешкаш карда шуданд. Категорияи якум чиптаиҳои VIP  мебошад,ки  3000 сомонӣ нархгузорӣ гардидааст. 
Нархи чипта барои категорияи дуюм минбари асосӣ (бахшҳои 1.2.3.4) 300 сомониро ташкил медиҳад.

Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи сеюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст

Дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рӯзи 5 декабр вомехӯранд.

Ин бозӣ  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гардида,  оғози он соати 21:00 аст.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *